Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ғаффор Мирзоев: Туҳфаи Амиршо Миралиевро аз мо мегиранд!

Падари раҳматии ман Мирзоев Абдулло иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Вақте ки маро низ ба ҷанги Афғонистон даъват карданд, он кас гуфтанд: “Худо нигаҳбонат, писарам ҳар куҷое Ватан гӯяд, бирав, зеро Ватан ғамхори ману туст…”

Шукр, мисли падарам ман ҳам аз ҷанги афғон сиҳату саломат баргаштам ва чанд сол дар хоҷагии қишлоқ ба ҳайси тракторчӣ фаъолият намудам. Минбаъд бо падар маслиҳат карда, ба хотири абадӣ гардонидани хотираи ҷанговарони ҳар ду ҷанг мо ба Ҳукумат муроҷиат намудем, ки дар ҷои ноободе боғи шаҳидон бунёд кунем ва обод кардани чунин замини партовиро дар наздикии хонаамон соли 2008 раиси ҳамонвақтаи вилояти Хатлон Амиршо Миралиев иҷозат доданд. Мо камар баста, паи ободии он шудем ва замини санглохро аз сангу шағал тоза карда, бо техника ҳамвор намудем ва атрофашро бо симтӯр маҳкам кардем. Дар ин миён падарам аз дунё гузаштанд. Аммо вақте ки ҳуҷҷатгузории ин боғ пеш омад ки раиси ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ Ҳотам Каримов ҳамаи ин заҳматҳоро нодида гирифт ва боғро ба нафаре ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додан хост. Ҳол он ки аз сабаби дар зери хатти баландшиддат ҷойгир шудани ин замин, дар он ҷо сохтани хонаи истиқоматӣ мумкин нест. Чаро ин шахс замини барои боғ ҷудокардаи раиси вилояту ноҳияро, ки давоми 12 сол обод менамудем, ба шахсе “туҳфа” карданӣ аст? Шояд прокуратураи ноҳия ва вилоят, ки ман ба онҳо муроҷиат кардаам ба ин савол посух мегӯянд?

Ғаффор Мирзоев, ноҳияи Хуросон,
ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.