Қатора аз Регар чӣ меорад?

Ҳарчанд ҷумҳурии мо яке аз он кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравист, ки хатти камтарини роҳи оҳанро дорад, аммо роҳи оҳан дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши калон мебозад. Дар ҳоле, ки роҳи заминӣ аз сабаби пандемияи COVID-19 бо кишварҳои ҳамҷавор баста аст, хат-сайрҳои байналмилалии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ фаъол нест. Аммо хатсайрҳои дохилӣ чун пештара тибқи ҷадвал фаъолият доранд.

Мо тасмим гирифтем, ки бо хатсайри “Душанбе-Регар-Душанбе” сафар намуда, бо мусофирону роҳбаладон ҳамсуҳбат шавем. Бо ин мақсад субҳи барвақт аз истгоҳи шаҳри Турсунзода озими пойтахт шудем.

Ба иттилои нозири дастурдеҳи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Аминҷон Холмуродов  ва сардори қатора Хуршед Давлатов хат-сайри «Душанбе- Регар» ҳамарӯза  фаъол аст ва қатора соати 4:50-и субҳ аз шаҳри Турсунзода ба самти пойтахт ба ҳаракат медарояд. Қатора дар вақти муайяншуда- соати 7-10 дар шаҳр мешавад. Баргашти қатора бошад, аз Душанбе ба Турсунзода 17-40 муайян шудааст.

Шамсиддин Шарипов- мошинист (ронандаи поезд) буда, таҷрибаи кории беш аз 28 сола дорад ва фаъолияти худро ба ҳайси ёвари машинист оғоз намудааст. Ӯ ин пешаро дар омӯзишгоҳи № 63 аз худ намуда, дар шаҳри Тюмени  Россия таҷрибаомӯзӣ намудааст ва дар  шаҳри Печораи Ҷумҳурии автономии Коми тайи ду соли хизмати аскарӣ низ ба ҳамин кор машғул шудааст. Ба гуфтаи номбурда орзуи қӯдакияш маҳз дар ҳамин соҳа фаъолият бурдан буд ва аз он шод аст, ки ба орзуи худ расид.

Роҳила Давлатова – роҳбалад буда, таҷрибаи 16 солаи корӣ дорад. Ба андешаи ӯ роҳбаладони қатора бояд пеш аз ҳама пурсабру тоқат ва хушмуомила бошанд. Зеро дар поезд шаҳрвандони гуногунро вохӯрдан мумкин аст ва роҳбаладон бояд тавонанд бо ҳар яки онҳо забон ёбанд ва хизмат расонанд.

Дар суҳбати мусофирон

Хушмуҳаммад Раҳматов, сокини ноҳияи Шаҳринав:

— Ман қариб ҳаррӯз аз қатора истифода мебарам. Аз хизматрасонӣ ва муомилаи роҳбаладон розиям. Ман мардикор ҳастам ва ҳамарӯза ба Ҳисор барои кори сохтмонӣ бо қатора рафта, бегоҳ бо он бармегардам. Дар қатора вагони ресторан низ мавҷуд аст ва одамон метавонанд он ҷо наҳорӣ кунанд.

Робия,

сокини шаҳри Турсунзода:

— Ман 7-8 сол боз ба савдо машғулам. Ҳосили дастранҷи полези худамон ва ҳамсояҳоро ҷамъ оварда, ба шаҳр мебарам ва мефурӯшам. Хуб аст, ки қатора мавҷуд аст ва мо бо нархи арзон бо бори худ  ба шаҳр мерасем. Пешниҳод доштам, ки дар вагони махсусе барои нафарони бемор агар ягон кондисионер насб шавад, хуб мешуд. Мусофироне ҳастанд, ки аз бемориҳои фишори хун ё астма азият мекашанд ва ба онҳо зимни сафар ҳавои салқин лозим аст.

Ориф Шарифов,

омӯзгор:

-Ман аз Турсунзода ҳар рӯз ба пойтахт, ба кор меравам ва аз қатора истифода мебарам. Қатора назар ба таксӣ ё автобус хеле мусоидтар аст. Агар бо мошин равем, лозим меояд, ки то расидан ба ҷои кор 3 ё 4 маротиба нақлиётҳои гуногунро истифода барем. Чӣ хеле, ки мебинед, дар қатора намояндагони касбу кори гуногун ҳастанд. Хусусан, барои деҳқонҳо хуб ва арзон аст ва таъмини маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, ки қисми зиёди он дар водии Ҳисор парвариш меёбад, барои сокинони пойтахт тавассути ҳамин қатора муҳайё мегардад.

Фаррух Турсунов,

сокини шаҳри Турсунзода:

— Ман дар пойтахт ҳам таҳсил мекунам ва ҳам кор. Ҳар саҳар соати 4:40 ба истгоҳ омада, вориди қатора мешавам. Бо 5 сомонӣ ба шаҳр мерасам, таксӣ бошад, на кам аp 10 сомонӣ аст. Инчунин, аз Чузӣ, Шаҳринаву Ҳисор ҳамсабақони дигарам савор мешаванд ва мо суҳбаткунон  ба пойтахт меравем.

Равшан Қурбонов,

сокини шаҳри Ҳисор:

— Ман дар яке аз ошхонаҳои пойтахт ба ҳайси сарошпаз кор мекунам ва  ба ҷои корам  бо қатора рафта, бо қатора бармегардам. Поезд афзалиятҳои зиёд дорад ва барои мардум роҳкирои он арзон аст.

Таассурот аз сафари аввалин

-Оё дар қатораи Шумо мо нафареро пайдо намуда метавониста бошем, ки бори аввал дар умри худ ба поезд нишаста бошад ва таассуроти худро ба мо нақл кунад?- пурсидем аз сардори қатора Хуршед Давлатов.

— Чунин нафарро пайдо кардан амри маҳол аст. Мусофирони мо мусофирони доимӣ мебошанд ва қариб ҳаррӯз бо поезд рафту омад доранд.

Аммо пешгӯии журналистӣ (интуитсия) гувоҳӣ медод, ки ҳатман чунин нафарро пайдо мекунем ва пайдо низ намудем.

Мӯниса Раҳматова донишҷӯи коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе буда, аз ноҳияи Ёвон барои таҳсил ба пойтахт омадааст. Ӯ ба хонаи ҳамкурсаш Салима ба меҳмонӣ омада, зимни бозгашт ин субҳ бори аввал ба поезд нишаст.

— Ман ба ҳамсабақи худ доимо ҳавас мекардам, ки бо қатора ба шаҳр меояд. Ниҳоят ба хонаи ӯ ба меҳмонӣ омада, зимни бозгашт ба Душанбе ба қатора савор шудам ва хеле хушҳолам. Мебинам, ки қатора хеле тозаю ороста буда, одамон бо ҳам суҳбаткунон мераванд.

Қатора дар муҳлати муайяншуда, ҳатто барвақттар аз он, расо соати 7-08 ба нуктаи охирин- истгоҳи Душанбе-1 расид. Воқеан, ҳар нафаре, ки дар умри худ боре ҳам ба поезд савор нашудааст ё муддати зиёде сафар накардааст, метавонад ба ҳамин хат-сайр савор шуда, аз манзараҳои нотакрори баҳори файзбахши водии Ҳисор баҳравар шавад. Зеро рушди туризми дохилӣ яке аз заминаҳои мусоиди беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Насрулло Тӯйчизода, Душанбе- Турсунзода- Душанбе,

махсус барои ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *