Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

57 миллиону 713 ҳазор сомонӣ қарзи кормандонро корхонаҳо кай пардохт мекунанд?

Вазири меҳнати Тоҷикистон ҳаҷми қарзи музди меҳнати корхонаҳоро эълон кард.

Корхонаҳои Тоҷикистон аз кормандон 57 миллиону 713 ҳазор сомонӣ қарздоранд, ки он (4,99 миллион доллар) -ро ташкил медиҳад, гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода дар як нишасти матбуотӣ.
Аз рӯи маълумотипешниҳод гашта 75 корхонаи кишвар аз 14 080 корманд қарздоранд.

“Қарздорони асосии музди меҳнат корхонаҳои бузурги саноатӣ мебошанд. Барои тадриҷан бартараф кардани қарз чораҳо андешида мешаванд”, – гуфт вазир.

Дар натиҷаи кори вазорат, як қатор қарздорон, яъне 10 ташкилоту муассиса қарзҳои худро пурра пардохт карданд ва 13 тои дигар ҳаҷми қарзро коҳиш доданд.

Ба рӯйхати қарздорони асосӣ чунин корхонаҳо, ба монанди ҶСК “Тоҷикнақбсоз”, ҶСК “Азот”, инчунин ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва ҶСК “Сохтмони НБО Роғун” шомиланд.

Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи феврали соли 2021 қарз беш аз 84,7 миллион сомонӣ (тақрибан 7,5 миллион доллар) -ро ташкил медод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.