Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

6 парвози чартерӣ аз «Сомон Эйр»

Моҳи ноябр ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Минск-Душанбе ва Душанбе-Алмаато-Душанбе 6 парвози чартерӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Парвозҳои чартерии мазкур дар мувофиқа бо мақомоти Беларус ва Қазоқистон анҷом дода мешаванд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар ба Беларус ва Қазоқистон бояд мустақилона талаботи махсус, аз ҷумла дорои хусусияти санитарию эпидемиологиро, ки ҳангоми вуруд ба ин кишварҳо пешниҳод карда мешаванд, ба назар гиранд.

«Ҳангоми ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотномаи мавҷуд набудани сирояти коронавирус, ки тавассути санҷиш бо усули реаксияи занҷири полимеразӣ (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 рӯз) пеш аз омадан омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд», — омадааст дар иттилоияи ВКХ.

Рӯихати парвозҳои чартерӣ:
— 8 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
— 15 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
— 16 ноябр, Душанбе-Алмаато-Душанбе;
— 22 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе;
— 28 ноябр, Душанбе-Алмаато-Душанбе;
— 29 ноябр, Душанбе-Минск-Душанбе.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj