Arzon.tj дугонаамро мошиндор кард!

Замони дар мактаби миёна хонданам бо духтараке дугонаи ҷонӣ будем. Ба мактаб рафтану аз мактаб баргаштанамон ҳам якҷо буд. 

Дугонаам духтараки хуб, фаъол буд, аммо вазъи иқтисодии оилаашон он қадар хуб набуд. Ҳатто барои додани маблағи моҳонаи мактаб падару модараш азият мекашиданд.

Зимни таҳсил дар донишгоҳ низ аз лиҳози молӣ танқисӣ мекашид. Як-ду соли охир ӯро надида будам, чанде пеш бо ҳам вохӯрдем, ӯро дида бовар накардам.

Як субҳ интизори нақлиёт будаму мехостам зуд ба ҷойи кор равам. Ҳамин вақт бо дугонаам вохӯрдам, ки аз ҳарвақта дида, хушҳолтар буд. Ҳар ду чанде суҳбат кардему аз ҳоли ҳамдигар бохабар шудем. Сабаби хурсандиашро пурсон шудам. Ӯ  гуфт, ки мушкилии чанд солинааш ҳалли худро ёфтааст. “-Дугонаҷон, ҳозир ҳам соҳиби ҷойи кори хуб ҳастаму ҳам маоши хуб мегирам. Мошини сабукрав низ харидам”, — бо як нафас гуфт ӯ.

Ҳайрон шуда аз ӯ чӣ тавр ба ин ҳолат расиданашро пурсон гаштам. Вай чунин гуфт: “-Медонӣ, ин ҳамаро аз куҷо ёфтам?”,- савол дода, мунтазири ҷавоби ман нашуда гуфт: — аз Arzon.tj. Бо кумаки ин сайти рекламавӣ ҳамаи чизҳои куҳнаву нолозими бобоиро ба фурӯш гузоштам. Як рӯз ҳам нагузашта, харидор пайдо шуд, ана бо пули он боз аз Arzon. tj мошин харидам. Ҷойи  корро низ бо маоши хубу ихтисосам аз ҳамин сайт дарёфт кардам”.

Аз дидани хушҳолии дугонаи ҷониям ман хеле хурсанд шудам. Мо каме дигар суҳбат кардем ва то боздид гуфта хайрухуш намудем.

Роҳ ба роҳ фикркунон қадам мезадам ва ин ҷумлаҳоро зери лаб беихтиёр мегуфтам: Сайти Arzon.tj метавонад кумакрасони ҳар нафар бошад, пас ман низ ба воситаи он метавонам соҳиби пул шавам. Хона пур аз молу ашёи куҳна аст. То кай онро ғарам карда мешинам. Онҳоро ҳатман дар Arzon.tj мефурӯшам. Лоақал иҷорапулӣ мешавад — ку! 

У. Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *