Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аваз дағалгуфторӣ карду 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд

Як кондуртори хатсайри №54 ҳангоми фаъолияти корӣ нисбати мусофирон дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст, вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуда, шахсияти ронанда ва пулчинак муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки як  истифодабарандаи шабакаи иытимоии  Facebook бо нашри расми автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер» рақами қайди давлатиаш 1693ТТ05, мусофирбари хатсайри №54 аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, то нисбати пулчинаки (кондуктор) автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда, пулчинаки ин автомашина ҳангоми фаъолияти корӣ нисбати мусофирон дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст. Ҳамзамон муроҷиати мазкур вокунишҳои зиёди манфии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро низ ба миён оварда, рафтори пулчинакро маҳкум намуданд.

Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуда, шахсияти ронанда ва пулчинак муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд.

Муайян гардид, пулчинаки автомашина шаҳрванд Авази Расули Нурализода соли таваллудаш 6.06.1994 сокини ноҳияи Муъминобод, ҳамзамон соҳибмулки автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер» рақами қайди давлатиаш 1693 ТТ 05 мебошад. Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 4-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 7:30 дақиқа ҳангоми ба мусофиркашонӣ машғул шудан, нисбати шаҳрвандон дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ намуд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда Авази Расули Нурализода протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Нисбати ронандаи автомашинаи мазкур Турдиев Бадриддин Содирбоевич соли таваллудаш 26.04.1985, сокини шаҳри Кӯлоб низ барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон воситаи нақлиёт аз ҳаққи хизматрасонӣ дар ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ маҳрум карда шуд.

Ҳамзамон нисбати муҳандиси бехатарии роҳ дар ширкати мусофиркашонии ҶДММ “Муҳаммадҷон Д” Гадоев Саид Субҳонович, ки хатсайри мазкур ба ҳамин ширкат дахл дорад, бо моддаи 341 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, огоҳонида шуд, ки минбаъд нисбати сифати хизматрасонӣ ва амалу рафтори ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ширкат назорат ва корбариро ба таври қатъӣ ба роҳ монад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Захриддин Рустамов 07.05.2021 13:15

    Ҳамин қадар одамонро таҳқиру паст зада, ҳамагӣ 5 шабонарӯз ҷазо дидааст. Хандаовар, хеле таҳқиркунанда нисбати шаҳрвандон. Ин хел инсонҳоро камаш 5 сол маҳбус кардан даркор буд. Баъди 5 шабонарӯз ӯ аз нав мебарояду мардумро аз пештара зиёд таҳқир мекунад. Ин дар пойтахти мамлакат ҳодисаи хеле нолоиқ аст.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.