Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз мошинаи ҷомашӯӣ то хӯрокворӣ. Ёрии ректори ДМТ ба Мактаб-интернати Ҳисор

Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар арафаи Соли нави мелодӣ — 2021 ба хонандагони Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор кӯмак кард.

Тавре ки Талабшоҳ Иҳромов, сухангӯи ректори ДМТ ба Pressa.tj хабар дод, кумак аз маводи хӯрокворӣ (равған, шакар ва ғайра), либоса (намудҳои гуногуни пояфзол ва либоси рӯйпӯши зимистона: писарона ва духтарона), маҳсулоти лозимаи таълимию майишӣ (Парчам, компютер, принтер, Мошинаи ҷомашӯйӣ – 1 дона, фурӯзонакҳо, хокаи ҷомашӯйӣ …), 1000 ниқоби яккаратаи тиббӣ ва туҳфаҳои солинавӣ иборат аст.

Ҳангоми  супоридани кумаки хайриявӣ намояндагони ДМТ, таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндагони Ҳукумати шаҳри Ҳисор ба аҳли омӯзгорон ва хонандагони Мактаб-интернат фарорасии Соли нави мелодиро табрик намуда, маводи хайрияро ба масъулини мактаб-интернат супориданд.

“Аз ин иқдоми раёсати ДМТ тамоми кӯдакон хурсанд шуданд. Диретори Мактаб-интернат Б.Шарофова ба раёсати донишгоҳ ва намояндагони он изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамасола дар ҳама ҷашну маросимҳо ба ин таълимгоҳи низомаш махсус аз ҷониби Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва хусусан муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ёрӣ мерасонанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.