Ба кӣ бовар кунем? Чӣ тавр бизийем ва ё интизори марг шавем?

Овозаи маргу мири одамон аз мавҷи нави коронавирус хеле пештар аз оне паҳн гашт, ки Ситоди назди Ҳукумати ҶТ аз бозгашт ба фаъолияташ расман хабар дод ва мефаҳмидагиҳо фаҳмиданд, ки вазъ боз хатарзо гашта. Аммо магар ҳама фаҳмид? Не.

Миёни овозаҳо гапҳое ҳам аз лабараторияву ташхисгоҳҳо бемористону дармонгоҳҳо берун мешуд, ки “коронавирус ҳаст, вале мегӯянд, ки бигӯен, ки нест.”

Ана ҳамин “мегӯянд” – и беному суроға бо хуни чандин беморони бо диагнози “пинҳонӣ” мурда, то абад пинҳон мемонда бошад?
Ҳаволааш ба Худо. Кайҳост дар тамоми интернет дар ҷаҳон эътироф шудааст, ки коронавирус “бемории сиёсӣ” аст.

Ҳатто соли гузашта кушише ҳам шуд, ки қонунан дар бораи он навиштанро барои журналистон қариб, ки манъ карданд. Ҷазо медиҳем гуфтанд.

Вале, магар қонуне метавонад забони овозаҳоро бибандад?
Албатта ваборо касе наовардааст ва ниҳодеро барои будани он гунаҳгор карда намешавад. Вале омода кардан, иттилоъ додан, ҳушдор додан, чораҳои беҳдоштӣ дидан, корҳои профилактикӣ бурдан ва аз ҳама муҳимаш фарҳанги нигаҳдошти саломатӣ омӯхтан ба мардумро касе манъ накардааст- ку?
Ё медитсина ин танҳо бизнес кардани бемориҳо гаштаву халос?

Дар кулли дунё пажуҳиши махсусиятҳои ин вабо меравад, аммо дар мо ба ҷуз овозаҳои даҳшатафкан миёни мардум хабаре, таҳлил, иттилое, сухандармоние ё таскинбахшиву раҳнамоии як табибеву ҳабибе нест. Чаро?

Воксинро оварданду аз пушташ ҳазору як овозаҳо баромад, ки он қаттолу кушанда асту духтурону муаллимони бечораро маҷбурӣ воксин заданду чандинтояш фавтидаанд.
Касе дар ҷое баромад накарду нагуфт, ки ин гапҳо ҳама дурӯғанд. Чаро?

Чаро амниятиҳо, ки аз тамоми овозаву гапи миёни мардум огоҳанд, чора надиданд, ки чунин иғвоангезиву овозапароканиҳо пешгирӣ шаванд?
Ба ҷойи маҷбуркуниҳо миёни мардум ҳарчи зудтар эмкуниро бо роҳи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мекарданд, муассиртар намешуд, магар?

Акнун, ки муриш сар шуд, мардум худаш давида воксин меҷӯяд. Чаро дар мо танҳо корҳо бо роҳи тарс ё бизнесу манфиати касе пеш меравад. Магар дар тиб ё беҳдоштии мо нафарони аз тариқи телевизионҳо чор ҷумларо гӯянда ёфт намешавад ё як матлабе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда намешавад, ки чунин кунеду чунон?

Хуб, хешро таскин медиҳем, ки ин эътироф накарданҳои расмӣ чи порсол ва чи имсол, гӯё ба манфиати мост, ки миёни мардум таҳлука нашавад. Аммо, магар таҳлукаи ОВОЗАҲО аз таҳлукаи хабар ё ҳушдори расмӣ бештар нест?

Инак, чанд рӯзи ахир аз шабакаҳо мехонем, фалонӣ мурду бисмадонӣ бемори вазнин аст. Чун соли пор ғамшарики азодорон мегардем, таърифу тавсифи майитро мекунему як кас наменависад,ки ин одам чи тавр ба марг расид, кадом бемориҳо ӯро куштанд ва чи бояд кард, то дигарон эмин монанд.

Миёни чанд тане, ки азодорон тағову бибӣ, ҳамсояву бародарашон номидаанду омма намешиносадашон, номҳои Нигина Шарофова, А. Абдуллоев, Хуршед Қурбонов, Фарида Мансурова, Убайдулло Раҷабов…ро мехонему ҳазорҳо таслиятҳоро оби чашм рангин мекунад.

Имрӯз дугонаам мегӯяд, ки як зану шавҳар, ки қудояшанд, дар ду рӯз мурданд ва писарашон дар ҳоли вазнине аз коронавирус аст. Набераам илова мекунад, ки тағои як дугонааш имрӯз аз коронавирус ҷон додааст. Қудоям аз Ваҳдат телефон карда мегӯяд, ки имрӯз дар кӯчаашон 4 ҷаноза буд.

Лентаи фейсбук пур аз таслиятномаву таъзиябаёнкунӣ.
Дар ягон шабакаи телевизион, агентиҳои расмӣ, нашрияҳои шахсиву
ҳукуматӣ ҳам хабари расмӣ ё оморе намебинам.
Касе на ягон табибе, на ягон масъуле, на ягон мутахассиси ҳолати беҳдошт, ҳарфе намезанад, ки дар ин рӯзҳо мардум бояд чи ҳолу рафторе дошта бошанд. Чӣ кор бояд кард?

Дар кӯчаҳо ягон- ягон нафари ниқобдорро мебинем, дар таксиҳо ҳам ягон- ягон ронанда дар гарданаш барои номаш моск овехтааст. Аз наздам автобусе мегузараду шояд аз 10 танҳо 2 нафар ниқоб доранд.
Нақлиёт пур аз одамон. Бозору мағозаҳо ҳамчунин. Кӯчаҳо пуропури одам. Яъне касе хатаре гӯё ҳис намекунад.

Таъзияҳои пайёпай- маорифчии номдор, табиби номвар, ҳунарманди овозадор, киноматографисту амаку тағову бибиву бобо ва … боз як рӯзи дигар сабр мекунам. Наход вазорати тандурустӣ барои мардум гуфтание надорад?

Наход ягон касе шарҳ намедиҳад, ки воксингирифтагон чи тавр бояд рафтор кунанду нагирифтагиҳо бояд чӣ кунанд?
Кӣ бояд воксин бигираду кӣ не? Оё ба ҷавонон ва кӯдакон ин вабо ягон хатаре дорад?

Агар не, пас чаро 35 ва 40 солаву 70- 80 солаҳо баробар аз ин беморӣ мефавтанд? Сиҳатҳову беморони музмин як хел гирифтор мешаванд?
Дар ҳоле, ки ҳар рӯйдод дар интернет дар чанд дақиқа паҳн мешавад, магар метавон пеши роҳи паҳн гаштани хабари маргҳои паёпайро гирифт? Не. Пас, чаро мегузорем, ки овоза ҷойи хабар ё иттилои ашхоси расмӣ ё мутахассисони соҳаро бигирад?

Дӯстонам мегӯянд, ки Наргиси косметолог, ки 45 сола буд ва духтур- ҷавонзани узист, ки дар таваллудхонаи рақами 2 кор мекардааст, дар як рӯз аз коронавирус мурдаанд. Хабари марги чанд омӯзгор низ таслиятҳоро дар гурӯҳе “Маориф”… меафзояд.

Аммо касе ҳаст, бовар мекунад, ки ин ҳама таҳлукаву тарс ба бор намеорад? Аммо касе мутмаин аст, ки ин фоҷиаҳо аз назари мардум дур асту касе наметарсад, ки вабо боз як – як ҳамзамонони моро мебарад? Чаро ҷомеа дар ин ҳол бе раҳнамойӣ бошад?

Телевизионҳо ҳамоно аз тундбоди Олмон, обхезиҳои Россия, марги ба 30 миллион расидаи ҳиндустониҳо аз коронавирус хабар паҳн мекунаду чун ба Тоҷикистон бармегарданд, ба намоиши лавҳаҳои кӯчаҳои пургул маҷлисҳои сатҳи ҳукуматӣ, мошинчасавории тифлон дар поркҳо, равуои оромонаи шаҳриён дар хиёбонҳои рӯшани Душанбе ва аз сафарҳои меҳмонони хориҷии кишвар ахбор медиҳанд. Яъне, ҳама ҷо оромист! Эй кош!

Аҷаб. Агар дар ин чанд дақиқа ба мардум иттилоъ дода мешуд, ки барои пешгирии коронавирус чӣ бояд кард, магар беҳтар набуд?
Ин беиттилоиро, агар шарҳаш ин бошад, ки мо мавҷудияти ваборо дар кишвар чун дар аввали соли пор эътироф намекунем. Пас, омори нопурраи фавтидагони ин беморӣ, соли гузашта ягон натиҷаи мусбӣ дода буд?

Агар не, пас чаро мо боз ҳамонро такрор мекунем? Агар ин кор манфиати миллие дорад, пас шарҳ бидиҳед онро охир!
Аз он ки табобати ин бемориро ройгон меномему ҳар рӯз духтурон халта- халта доруворӣ аз бемордорон талаб мекунанд ё одамон дар хона бо охирин маблағҳояшон хешро аз марг наҷот медиҳанд, обрӯ мегирем?

Вазорати тандурустӣ гӯё бехабар аст?
Агар тавсияҳои табибони хориҷӣ дар интернет ва сайтҳои берунӣ соли пор нисфи аҳолиро соҳибмаълумот дар бораи ин беморӣ намекард, ҳоламон чӣ мешуд, Худо медонад.
Аҷабо ин вирус сари мансаби як вазири ин вазоратро хӯрду чӣ тағйир ёфт?

Марг кам шуд? Иттилоърасонӣ беҳтар шуд? Одамонро ройгон табобат карданд? Ташхис бепул буд ё рентгену томографияҳо дар ихтиёри мардум гашт? Бемористонҳо афзуданду омодагиҳо ба мавҷи нав гирифта шуд?

Чӣ натиҷа шуд?
Дина як одами наздики ман дар ду ташхисгоҳ анализ супориду ду ҷавоб гирифт. Яке мусбӣ, яъне коронавирус ва дигаре манфӣ яъне сиҳат.
Пас ӯ ба кадомаш бовар кунад? Аз он ки чи қадар маблағ ва чи қадар асаб сарф шуд, ҳанӯз намегӯем.

Ба кӣ бовар кунем? Аз пайи гуфтаи кӣ равем, чӣ кор кунем, чӣ тавр бизийем ё интизор бимирем? Ин суолҳо ду сол аст, бе посуханд.
Овозаҳо дар бораи навъи ҳиндии ин вабо ё штамми делта, ки он қотилтар буда гӯё дар як рӯз одамро мекӯшад, мардумро ба таҳлука овардааст. Аммо вазоратро чи ба таҳлука меорад?

Шояд ин овоза дурӯғ аст? Вале ки бояд онро рад кунад?
Нақши ситоди ҷумҳуриявӣ дар ин мавҷи нав чаро эҳсос намешавад? Ё мо бояд “бхремъ бъгардем, ки ҳама глай?”
Пас, ҳаминро ҳам касе бояд расман бигӯяд, то тарс камтар бигардад! Нисфи одамонро тарс мекӯшад, чун соли гузашта.
Ягон кас ин мардуми суолбасар ва ҳайрон аз марги ҳаррӯзаи ковиди қаттолро ором месозад ё ҳушдор медиҳад ?

Ё фейсбукро Вазорати тандурустӣ ҳисобида , танҳо марсия нависему таслият ва бигӯем, ки ҳақи воқеиятро навиштан надорем, зеро расман нагуфтаанд- ку? Ин мурдагиҳо худ гунаҳгоранд, ки маътали хабари расмӣ нашуданд, то роҳи наҷотро биёбанд?

Ба нияти дарёфти иттилои вижа ё ҳирфаие шабакаҳои телевизиониро шабона як- як мегардонам- кино , консерт , футбол ҳарфе аз вабо ё фарҳанги саломатӣ нест.

Ҳозир боз як бор ба шабакаҳо сар мезанам. Соат 10 – 11 рӯз . Дар ТВ ХАТЛОН суруди “Шаҳи ман омаде”, дар Душанбе филми русӣ, дар Баҳористон эълони озмуну мултфилмҳо, дар Сафина филми чинии тарҷумашуда, дар Тоҷикистон филме бо забони костаи тарҷумашудаи ҳуҷҷатӣ, дар Ҷаҳоннамо гулзорҳои поркҳо. дар Варзиш футбол бо забони костаи тоҷикӣ. Дар Синамо филми кӯҳна Амрикоӣ бо тоҷикӣ, ки моҳияти он барои мо чист, намедонам. Дар Шаҳнавоз албатта, ки консерт.

Худои Раҳиму Карим дар тв Бадахшон як сӯҳбати хеле ҷолиби ду бонуи табиб оиди ковид. Шукр. Ягона шукр…
PS: Дар маҷлиси ахири Ҳукумати ҶТ Президенти мамлакат ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустӣ дар иртибот ба мавҷи дуюми коронавирус дастурҳо додааст.

Аммо чаро то дастури Пешвои миллат Вазорат ё Ситод амали муассире накарданд?
Магар ковид интизор меистад, ки маҷлисҳо гузаранду супоришҳо дода шаванд ва баъд вай одамонро бикушад?
Тандурустии мардум вазорат дорад, аммо бемории он соҳиб дорад?!
Ҳуриниссо Ализода, рӯзноманигор,
фаъъоли ҷамъиятӣ ва ходими давлатӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *