Бодовардаҳо ва худододаҳо. Зери шиори «Ҷавонон ояндаи миллатанд» чӣ асроре ниҳон аст?

Шиори “Ҷавонон ояндаи миллатанд!” аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо мерос мондаву имрӯз он ба сухани нӯгизабонӣ мубаддал гаштааст.

Ҳарчанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди неруи ҷавонони кордону уҳдабарою соҳибмаърифату бедордилу худшиносу соҳибистеъдод, соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карда буданд, мутаассифона иҷрокунандагону татбиқгарони ин иқдоми хайр, саҳлангориву бепарвоӣ зоҳир карда, аз ҷавонон танҳо хӯса сохтанд ва ё эшонро ба асбоби айёнӣ мубаддал сохтанд.

Он шабу рӯз руасои шаҳру навоҳиву вилоёт, дасту остин барзада, танҳо ба хотири худнамоишдиҳӣ ба қавли худ ҷавонони болаёқат ҷустанду тариқи шабакаҳои ТВ худро хуб реклом ҳам карданд. Аз рафтору гуфтору атвори ин теъдод аз курсинишин, чун оина равшан буд, ки ин ҳама давутози эшон муваққат ва ба манфиати хеш аст. Сол ба охир расиду дурахши  ситораҳои кашфгашта аз ҷило монд… Дигар касе ҷавонеро напурсид, ки кисту чӣ истеъдодеро соҳиб аст…

Он нукта, ки ҷавонон неруи созандаанд, дар ин гуфта ҳеҷ шакке нест. Аммо беэътибории иддае аз соҳибвазифаҳо нисбат ба ҷавонон, ҳар гуна ташаббус ва шавқу рағбати ҷавононро ба кор дилсард мегардонад. Даҳҳо нафар аз ҷавонони соҳибдонишу соҳибҳунар бинобар пайдо накардани ҷойи кори мувофиқ водор ба он мегарданд, то муҳоҷирати меҳнатӣ ихтиёр кунанд.

Пас, кӣ аз “Соли ҷавонон” бурд кард? Албатта, иддае аз СОҲИБМАНСАБОН! Аз чунин иқдомгузориҳои Пешвои миллат соҳибмансабоне, ки мансабҳои калидӣ дар даст доранд, “рӯҳу илҳом” гирифтанд. Барои зумрае аз инҳо роҳ ҳамвор гашт: тариқи ёру ошнобозӣ дар доираи “Соли ҷавонон” имкону тавону қудрат пайдо карданд, то аз ҳастиву нуфузи хеш истифода бурда, фарзанд(он)ашон-ро дар вазифаҳои серавған ба кор монанд. Ин ҷо намегӯям, ки аксар аз вазирону вакилону дигар аз соҳибвазифаҳоро фарзандон бесаводу тарошаи аз бомафтодаанд. Не! Аксарро медонам, ки ҳам ихтироъкору ҳам донандаи хуби риёзиёту забонҳои хориҷианд ва ҳар ҷо, ки оғоз ба кор кардаанд, дастовардҳои хуберо соҳиб шудаанд. Ҳамчун намуна фарзандони собиқ Раиси шаҳр ва собиқ Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро мисол меорам, ки ҳам дар ҷодаи дипломатия пешсафанду ҳам дар ҷодаи иқтисоду сиёсату тиҷорат ва муҳимтар дар ҷодаи одаму одамгарӣ.

Аммо, теъдоди дигар аз эркатулфорҳои падарҳои соҳибмансаб, ки бо як аллогӯии падари “соҳибмартабаву соҳибтиёзашон” мансаберо соҳиб шудаанд, билохира нотавонию ноуҳдабароию дур аз маърифатбуданҳояшон он коргоҳу мансабу вазифаро тӯъмаи боди фано кардаанд. Аз овардани ному насаби ин теъдод аз худпарвару худкуш танҳо ба хотири ба иззати нафси эшон нарасидан худдорӣ мекунам! Бо қонуни дар қалби ҳар инсон навиштаи зиндагонӣ андаке ҳам бошад, худро тасалло мебахшам: Бодовардаро ҳатман бод мебарад!

Бале, аксар шоҳиданд, ки он теъдод аз ҷавонони ноуҳдабарое, ки бештар бо кумак ва мусоидати падарони соҳибимтиёзашон вориди ҷодаи иқтисод шуда буданд, ба буҳрони иқтисодии кишвар буҳрон зам карданд ва вазъи ногувори иқтисодиро дар кишвар эҷод намуданд.

Агар гӯям, ки беш аз 80 дарсади ҷавонони огаҳ аз техникаи иттилоотии ҳозиразамон пушти дар мондаанд, хато нахоҳам кард. Ин теъдод аз мағзҳои миллат ё мардикор дар Россияанд ё дар дохили кишвар шуғли корҳои хусусӣ доранд. Ҳарчанд ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ бо ибтикори ин ва ё он ниҳод эълон мегардад, аммо музди меҳнати ночиз нафареро ҳам ба худ ҷалб намесозад. Шукрона, ки афроди дилсӯзе дар ниҳодҳои давлатӣ адои вазифа доранд, ки дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби ҷавонон мусоидат мекунанд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки ҷавони бедордилу уҳдабарост, тасмим гирифтааст, то дар коҳиш додани сатҳи бекорӣ саҳми худро гузорад. Вазири тозатаъйини саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир низ дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта истодааст. Метавон ба ин ҳар ду бовар кард.

Аммо чаро дигар аз соҳибкурсиҳо ҷиҳати коҳиш додани сатҳи бекорӣ аз худ иқдоме пеш намегузоранд? Барои ин теъдод дар мадди аввал қабули кадри худӣ (фарзанду ҷияну холабачаву писари дусту ҳамсояву ғайраву ҳоказо), муҳимтар аз дигарон аст. Чунин фоҷиаҳои рӯз мебинаму дил ба дарду сӯзиш меояд ва зуд фарзанди дипломдору соҳибтахассусу кордонам пеши назар меояд: Фарзандам, баъд аз адои хизмати дусолаи афсарӣ дар Горди миллӣ, дар муассисаи бонкии бонуфузе ба сифати сардори Шуъбаи технологияи иттилоотӣ оғоз ба фаъолият намуд. Бонки мазкур бо айбу ҷурм, манфиатҷӯиҳову худпарвариҳои иддае аз роҳбарон, муфлис шуд. Пайвандам, ки маҳорату дониш дошт, аммо пуштибон не, аввалин қурбонӣ  ва дар рӯйхати рухсатшудаҳо ҷо гирифт. Баъдан, дар чандин озмунҳои муассисаҳои бонкӣ иштирок кард ва аз диду мушоҳидоташ ба хулосае омад, ки ин ҳамаро ҷуз саҳнаороиҳо наметавон чизи дигаре маънидод кард.  Баъдан, аз бонке миқдоре маблағ қарз гирифту мошинаи сабукрав харида, таксиронӣ пеша бинмуд ва то ба имрӯз афтодаву хеста, аз пушти ин касб нон меёбаду қарз мепӯшонад.

Мисоли дигар: Як дӯстам, ки 8 сол пеш дар минтақае масъули БДА ҶТ “Амонатбонк” буд, ихтиёран тарки мансаб карда, мардикорӣ пеша кард. Сабаб пурсидам? Посухам дод: Шукри Худо маърифати молиявию иқтисодиам хуб аст, аммо чӣ кунам, ки “подхалимию” “меҳмони нохондақабулкунии” пурхарҷу “дастсафеднамоии” нозиру ҳозиреро дар вуҷуд надорам, росташро гӯям чунин одатро ҳеҷ натавонистам аз худ кунам. Сарфу хароҷотро чӣ, аз ҳисоби омӯзгору табибу роҳсозон канда, ба буҷет дарбеҳ кунам? Ҳеҷ гоҳ! Беҳтар он аст, то тарки кору мансаб намуда, бо меҳнати ҳалол як пора нон пайдо кунам.

Ва ба инҳо монанд даҳҳо, садҳо мисолҳое метавон овард, ки аз пушти дар мондани соҳибтахассусҳо дарак медиҳанд. Ин воқеият аст, воқеияте, ки мутаассифона, онро гӯши шунавое нест.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, эътироф кардаанд. Пас, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳру навоҳии кишвар бахшҳои худро соҳиб аст, ҷиҳати ҷалби ҷавонони соҳибистеъдоду кордон барномае магар рӯи кор овардаанд? Бо гирди ҳам омадану сурудхониву парчамбардорӣ ва иштирок дар чорабиниҳо магар метавон сиёсати ҷавононро созанда маънидод кард?!

Чизи дигар он аст, ки ҳар сол садҳо нафар аз донишҷӯён макотиби олиро хатм мекунанд. Бовар дорам, ки аксари донишҷӯён танҳо ба хотири гурез аз хизмати аскарӣ донишҷӯ мешаванд ва шукрона, ки дар қиболи ин теъдод, ҷавонони бедордилу худшиносе арзи ҳастӣ доранд, ки дар таҳсил муваффақанд. Дар анҷом арзандаҳо пушти дар мемонанду аммо нолоиқу дарсгурезҳо тавассути падари соҳибкурсиашон ҷойи кори мувофиқ барои худ пайдо мекунанд. Ин воқеияти рӯз аст, на хулосаи ман.

Атрофи чунин беназмиҳо метавон мисолҳои зиёде овард, аммо бо ин гуфтаҳо иктифо мекунам ва холисона муроҷиат ба масъулин дорам: Вақти он аст, то аз гуфтори тӯтивори худфиребона ба амал гузарем ва тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид меварзанд, аз мактаби зиндагисози пирони кор ба ҷавонон сабақ бояд омӯхт ва онҳоро ба вазифаҳои давлатӣ ҷалб бояд кард! Бале, ана он вақт метавон хулоса кард, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд!”

Муҳиддин Идизода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *