Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Хатлон бемористони 10 миллиона месозанд

Дар доираи таҷлил аз 30–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар вилояти Хатлон беш аз 950 муассисаи гуногуни тандурустӣ бунёд мегардад.

Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфт, дар маҷмӯъ то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёду азнавсозии беш аз 950 иншооти тиббӣ дар нақша аст. Ӯ мегӯяд, ба истифода аз сарчашмаҳои гуногуни молиявӣ аллакай наздики 70 дарсади иншооти тиббӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

—Феълан корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои нисбатан бузургҳаҷм, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати хоб инчунин Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар идома доранд,-афзуд вай.

Раҷабзода гуфт, ки арзиши умумии лоиҳаи Маркази перинаталӣ 10 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 3 миллион барои харидории таҷҳизоти таббӣ 7 миллион барои анҷоми корҳои сохтмонӣ масраф мешавад. Чунин муассисаи тандурустӣ то ҳол дар дувоздаҳ шаҳру новоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон собиқа надорад.
Машраби Аловиддин

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.