Дар Хуҷанд 500 кило маҳсулотро ба партовгоҳ партофтанд

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 кило маҳсулоти хӯрока, ширинӣ,шустушӯйии пастсифат ва муҳлаташ гузашта, баъди хулосаҳои судӣ баҳри маҳв намудан ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки ин маҳсулот дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва гузаронидани мониторинг дарёфт ва аз ҷониби соҳибкорон ва ширкатҳо ихтиёран ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидеологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади маҳвнамоӣ супорида шудааст.

“Дар давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд беш аз 2000 киллограмм маводҳои хӯрокаи пастисифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз марказҳои савдо ва нигоҳдошти молу маҳсулот мусодира карда шуданд. Ин ҳама маҳсулоти пастсифатро баъди хулосаи судӣ ва мақомоти дахлдор бо таҳияи санадҳои лозимӣ дар минтақаи партовҷамъкунии шаҳри Хуҷанд бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намуданд” ”,-гуфт Юсуфзод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *