Файзобод: Ҷаллоб чорворо арзон мехараду гӯштро қимат мефурӯшад

Боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған гушту шакар ва ангишт мардумро ба ташвиш овардааст. Имрӯз дар бозорҳои “Истиқлол”-и минтақаи Мискинобод ва бозори маркази ноҳияи Файзобод як кило гушти гов 70 сомонӣ, орди навъи якум 280 сомонӣ, як кило шакар 10 сомонӣ равған аз 100 сомонӣ то 120 сомонӣ нархи як тонна ангишти худӣ 850 то 200 сомонӣ аст, ҳол он ки маошу нафақа аз 120 то 800 сомонӣ мебошад.

Оё бо ин маошу нафақа омӯзгорон духтурон нафақахӯрон, оилаҳои камбизоат метавонанд оилаҳоро pressa.tj бо маводи ғизоӣ ва сузишворӣ таъмин намоянд?

Ноҳияи Файзобод ноҳияи аграрист, яъне соҳаи асосии онро кишоварзӣ ташкил медиҳад ноҳия асосан маводи ғизоӣ, ғалла, сабзавот, гӯшт равған меваю шир истеҳсол мекунад. Пас чаро дар бозорҳои ноҳия маводи ғизоӣ қимат аст?

Ҳамрӯза мақмодорон ҳисбот медиҳанд, ки дар ноҳия соҳаи кишоварзӣ рушду инкишоф ёфтааст, вале нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ даҳчанд боло мераваду pressa.tj касеро парвое нест. 

Рӯзҳои якшанбе дар бозори “Истиқлол”-и минтақаи Мискинобод бозор барпо мегардад. Қассобони гӯштҷаллоб аз деҳаҳои Фатҳобод, Заркамару Мискинобод ба растаҳои гӯштфурӯшӣ гӯшти гов, бузу гусфанд ва гӯшти паранда ворид мекунанд, он бо роҳи фиреб гӯшти говро 70-75-сомонӣ гушти бузу гӯсфандро то 80-сомонӣ ва мурғро то 40-сомонӣ ба савдо мезананду ҷайбро пур мекунад. Касе дар бозор сифати гӯштро намесанҷад, муҳим ки ҷайби чанд нафар пур шавад… Имсол бинобар камбориш омадан дар талу теппаҳо чун солҳои пешин алаф хуб нашъунамо накард, яъне ба чорводорони хоҷагиҳо душворӣ пеш омад соҳибони чорвҳои шахсӣ маҷбур шуда говҳояшонро бо нархи арзон вориди бозори гову мол карданд. Қассобон чорворо арзон харида, мардумфиребиро пеша карда, нархи гӯштро боло мебаранд.   pressa.tj

Намедонам, кай ва кӣ ба доди мардуми бечора мерасад ва пеши роҳи қиматиро мегирад?!

Ҳокими Сафар, ноҳияи Файзобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *