Фолбин, ҷодубарори тоҷик дастгир шуд (видео)

Кормандони милитсия сокини ноҳияи Варзобро дар шаҳри Душанбе ҳангоми фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дар хонааш дастгир карданд.
Маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки Ҷаҳонгир Бобомуродов дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуд. Номбурда сокини 26 солаи ноҳияи Варзоб мебошад.

 “Тавре зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, дастгиршуда Бобомуродов Ҷаҳонгир худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, бо ҳазорон макру ҳила ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашавндаро худ омода ва дар қабристону манзили истиқоматии ҷабрдидагон пинҳон мекардааст. Баъдан муроҷиаткунандаро бовар мекунонидааст, ки ӯро сеҳру ҷоду кардаанд ва барои боварӣ ашёи қаблан пинҳон намудаи худашро бароварда, гӯиё сеҳру ҷодуро тоза мекардааст. Ба ин васила шаҳрвандон ба номбурда ҳамчун нафари сеҳргару ҷинбарор эътиқод намуда, ба ӯ маблағҳои пулӣ ва чорвои худро туҳфа мекардаанд”, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳоло нисбати Ҷаҳонгир Бобомуродов барои амалҳои мардумфиребонааш тибқи талаботи моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҷаҳонгир Бобомуродов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *