Гирбишини тоҷикӣ куҷо шуд?

Гирбишин яке аз матоъҳои маъмул ва роҳати тану ҷони бонувону духтарон буд. Ин матои зебои абрешимӣ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки берун аз он дар Афғонистон, Покистону Эрон ва Тайланду Ҳиндустон низ маъмулу машҳур аст.

Замони шӯравӣ гирбишин ва анвои он дар корхонаҳои азими абрешими шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва бархе аз шаҳрҳои Ӯзбекистони ҳамсоя истеҳсол мешуданд.  Ин матоъро занон роҳати ҷон мегуфтанд ва аз ин рӯ, харидоронаш дар дохилу хориҷ хеле зиёд буд.

Боиси таассуф аст, ки солҳои нооромӣ ва даргириҳои дохилӣ маҳсулоти корхонаҳои абрешим ба яғмо бурда шуд. Аз ҷумла, Корхонаи абрешими шаҳрамон дар он рӯзҳои шум дар дасти силоҳбадастони тороҷгар буд. Дар он солҳо тамоми маҳсулоти тайёр аз анборҳо бароварда, ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд. Ҳар ҳафта бо ҳавопаймое, ки сайёҳону тоҷирони тоҷикро ба шаҳри Қарочии Покистон мебурд, рулон-рулону баста-баста садҳову ҳазорҳо метр гирбишин бор карда мешуд. Вақте аз маҳсулоти тайёр чизе боқӣ намонд, гирбишини нимхому нимтайёрро низ ба савдо заданд…

Азбаски Ҳукумати ҷумҳуриамон барномаи саноаткунонии босуръати кишварро ба роҳ мондааст, аз нав таҷдиду бунёди коргоҳҳо, аз ҷумла корхонаи абрешим, ҳатмист. Барои бунёди ин корхона ҷалби мутахассисони чинӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳатмӣ мебошад.  Матои гирбишин бозоргир аст ва истеҳсоли он баҳри рушди иқтисоди кишварамон муфид хоҳад буд.

Э. Камолзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *