Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Карикатура. Жанре, ки дар матбуоти тоҷик мемирад

Карикатура яке аз жанрҳои муҳими журналистика мебошад, ки солҳои охир дар Тоҷикистон хеле суст рушд мекунад. Ин жанри маъмул ва овозадори матбуоти ҷаҳон дар саҳифаи нашрияҳои тоҷикӣ аҳён-аҳён ба чашм мерасад.

Нақши карикатура дар ВАО

Ман тайи ду сол аст, ки дар ҳафтаи лоиҳаҳо, ки аз тарафи Маркази рушди истеъдодҳо баргузор мешавад дар мавзӯи “Нақши карикатура дар ВАО” тадқиқот меборам. Қабл аз ҳама ман хостам муайян намоям, ки оё ҳамсолони ман дар бораи карикатура маълумот доранд ё не?

Ба сифати респондент хонандагони литсейи худамонро интихоб кардам.

Масъалаи аввалине, ки назди худ гузошта будам, тадқиқи он буд, ки  хонандагони литсей ба расмҳо назар карда то чӣ андоза ба моҳияти карикатура  сарфаҳм мераванд. Пас аз гузарондани пурсишномаҳо дар байни хонандагони синфи 6-ум ва 10-ум ба ман маълум гашт, ки хонандагони синфи 6-и таълимашон бо забони русӣ ба ин жанр хубтар сарфаҳм мераванд ва ҳатто онҳо дар зери карикатура шарҳҳои  ҷолиб менависанд. Аммо хонандагони синфи 10-и таълимашон бо забони точикӣ бошад ин гуна жанрро на он қадар хуб дарк мекунанд.    Сабаби зуд фаҳмидани моҳияти карикатура аз ҷониби хонандагони синфи 6-и таълимашон русиро ман дар он мебинам ки онҳо дар рафти таълим зуд-зуд бо расмҳои гуногуни карикатурӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ низ дар ҷараёни дарсҳо ин гуна жанрҳои ҷолиб мавриди истифода қарор гиранд. Ҳамчунин, хуб мебуд муаллифони китобҳои дарсӣ аз жанри карикатура истифода намоянд.

Карикатура чист?

Шояд аксарияти онҳое, ки ҷумлаҳои болоро мехонанд, савол диҳанд, ки карикатура чист?

Карикатура аз калимаи италявӣ гирифта шуда, маънояш аз будаш зиёд нишон додан мебошад. Агар бо забони оддӣ гуем аз пашша фил сохтан. Агар бо забони илм сухан гуем ин жанр воситаи ба таври ҳаҷв ба мардум пешниҳод кардани мушкилиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Карикатура дар санъати тоҷик таърихи қадима дорад ва унсурҳои он дар асарҳои Камолиддини  Беҳзод, рассоми бузурги тоҷик, ки дар асрҳои 14-15 зиндагӣ кардааст, мушоҳида мешавад.

Бо гузашти замон карикатура яке аз жанри бисёр муҳим дар журналистика шинохта шуд. Он диалог-муколамаи байни хонанда ва нашрияро барқарор месозад ва тарзи қабулаш низ аз тарафи хонанда осон мебошад.

Тадқиқоти мо нишон дод, ки 6 намуди карикатура вуҷуд дорад: карикатураи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, ҳаҷвӣ, стрип, шаржхо ва портретҳо. 

Ба ҳама маълум, ки дар Тоҷикистон хонандагони маҷаллаву рӯзномаҳо рӯз аз рӯз кам шуда истодааст.

Агар матбуоти мо аз жанри карикатура истифода барад, теъдоди хонандагонаш зиёд хоҳад шуд.

Карикатурист надорем. Чаро?

Тавре ишора шуд, ин жанр дар Тоҷикистон рӯ ба нестшавӣ меорад. Барои сабабҳои чунин равандро муайян намудан ба яке аз карикатуристони шинохтаи Тоҷикистон, корманди маҷаллаи «Хорпуштак» Насиба Назарзода муроҷиат кардем. Номбурда зикр кард, ки карикатура аз солҳои 90-ум ин ҷониб тамоман дар кишвар рушд наёфтааст. Насиба сабабашро дар кам будани муттахассисон ва тамоман шавқ надоштани донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ ва рассомӣ дар ин жанр мебинад. “Мо ҳатто дар маҷаллаамон як озмун роҳандозӣ кардем, ки ҳоло давом дорад, вале дар давоми озмун  2-3 карикатура ворид шуду халос” – мегӯяд, номбурда. 

Карикатура жанрест, ки масъалаҳои муҳимро инъикос мекунад, он тариқи ҳаҷв ба мардум нуқсонҳоро мегӯяд, бисёр масъалаҳое, ки зери парда мондаанд, тариқи карикатура ифшо мегардад. Бинобар ин, месазад, ки ба ин жанр таваҷҷуҳ кард, то он дубора эҳё шавад.

Нилуфар Ҳамдамова, хонандаи синфи 10, литсейи инноватсионии Душанбе, узви вобастаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.