Китоб ё қулфинай? Намунаи туҳфаҳо дар Рӯзи ошиқон

Субҳи 13-ум, якшанбе, арафаи Рӯзи ошиқон — 14-уми феврал. Хеле саросемаам. Мехоҳам ягон сонияву дақиқаро раҳо накунам ва барои харидории туҳфа баҳри табрики маъшуқаам шитобам, то мабодо қаҳру ғазабаш балохез нашавад.

Паси оинаи барқад ба риштарошӣ машғулам. Гоҳ-гоҳе нигоҳи занакро хато кардаву зери лаб сурудҳои ошиқона месароям. Ин лаҳзаҳо садои суруд аз қалб ба гӯшам аҷаб форам мерасад. Хаёлан тарҳи зебои рӯзи ояндаро тасвир мекунам. Нақша мекашам, ки бояд ҳамин рӯз ҳатман туҳфаи таъби дили маъшуқаамро дарёфт намоям. Чунон туҳфае, ки агар худи Валентини ошиқи шайдо бинад, ҳангу мангаш кандаву назди ҳотамсифатии ман шармандаи дунё гардад.

Мегӯянд, ки ҳар қадар сахт ошиқ бошӣ, дар интихоби туҳфа ҳамон андоза азоб мекашӣ. Рост будааст ҳамин гап. Намурдаму дар пӯсти худ таҷриба кардам. На бозори “Корвон” монд, на “Аҷинабозор”. Тамоми раставу ғурфаи ин бозорҳоро аз назар гузаронидам. Дуо рафтагӣ барин, дар ягон ҷойи бозорҳо туҳфаи мувофиқи кисаам нест.

Ҳайрону музтар сар ба ҷайби андеша бурдам. Ҳамин вақт ба хотирам расид, ки аз соли 2012 инҷониб 14-уми феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳадяи китобро ҷашн мегиранд. “Чӣ мешавад, ки барои арӯсам ягон китоби романтикӣ туҳфа кунам-а?”,- суол медиҳам ба худ. Ба ин каллаи пурмағз қоил шуда, зуд ба қарор меоям. Роҳи мағозаи машҳури китоби маҳаллаи Гулистонро пеш мегирам, аммо дар нимароҳ ба ёдам мерасад, ки охир, маъшуқаи ман китобу китобхониро хуш надорад-ку! Ӯ аз тоифаи бонуҳои эркатулфор, иштиҳояш қозгир аст. Саҳар шарбати кадугӣ менӯшаду нисфирӯзӣ оши як ба як мехӯрад ва шабона пеш аз хоб гули асал меошомад. Машғулияти рӯзонааш бошад, аз атри “Роза” пошидан ба рӯйу гардан ва хиромидан дар гулгаштҳои пойтахт аст. Вале боз фикр кардан даркор. Чӣ чизе ҳаст, ки ӯ дӯст дораду ҳамин шабу рӯз нодир бошад? Гул? Не. Гарчанде зимистон ҳам бошад, роҳҳои зеризаминии кӯчаҳои шаҳр пур аз гулҳои рангоранги гармхонаҳо. Дигар ин ки, худаш фақат “худам гулам” гуфта, гӯшрас мекунад. Аҳа, ба ёдам омад. Як вақтҳое ишораи пӯшида карда буд, ки қулфинайро меписандад, чун вақте ҳурт мекашӣ, об шуда меравад. Яъне, заҳмати хоидан талаб намекунад. Рухсораҳои худаш ҳам мисли қулфинай суп-сурхаки холчадорак…

Шуд, кор ҳал. Ба микроавтобус нишаставу рост бозори “Меҳргон” меравам. Ба растаи мевафурӯшӣ ворид мегардам. Қариб ҳама чиз ҳаст. Фурӯшандаҳои бало меваҷотро чунон бомаҳорат пок кардаву равған молидаанд, ки куллан наметавонӣ тоҷикияшро аз дигарҷоӣ фарқ намоӣ. Аммо, чун бозор рафтанам ҳадафнок аст, рост ҷониби қулфинайфурӯш қадам мемонам. Зани кушодачеҳра, чун одати анъанавии фурӯшандаҳо, аввал маҳсулоташро хуб ситоиш мекунаду баъд нархи қулфинайро мегӯяд: 1 килояш 120 сомонӣ. Шукр гуфтам, ки дар бағал тарбуз надоштам, вагарна ҳатман афтодаву мекафид.

Умедамро аз қулфинай кандам. Дигар Рӯзи ошиқон ҳам дар назарам беранг тофт. Бо нияти бозгашт ба хона аз растаи мевафурӯшӣ баромадам. Чида-чида қадам мондаву аз назди дарвозаи бозор мегузаштам, ки овози марғуладор ба гӯш расид. Марди дуторие нохун ба торҳо зада, месароид:

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд мароо,

Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд марооо…

— О-о-о-о, э мардаки хуб, ба ту чӣ шуд?,- баланд мешавад садои шӯхи ҳамсарам ва чун сар аз болин бардоштаву ҳайрон-ҳайрон ба ӯ менигарам, суханашро идома медиҳад:

— Боз хоб дидӣ? Аку, кӣ будааст ӯ, ки тоқати ҷудоӣ надорӣ?

Зуд вазъиятро дарк мекунам ва мегӯям:

— Кигӯяк.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *