Лимит ё дарахтбуррӣ?

Чанд рӯзи охир cокинони чор тарафи минтақаҳои Тоҷикистон аз бидуни огоҳӣ хомӯш кардани барқ шиква мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст, вале масъулини Ширкати “Барқи тоҷик”  иддао пеш меоранд, ки ин ҳама корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ барои омода кардани хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои иқтидорашон гуногун ба мавсими зимистон мебошад.

Ҳатто, як масъули “Барқи тоҷик” хомӯш кардани барқро дар манотиқи канор аз шаҳр ба буридани дарахтон рабт додааст. Аҷаб баҳонаҳо меёбанд, масъулини “Барқи тоҷик”. Магар  дар  дили шаб ҳам кормандони “Барқи тоҷик” дарахт мебурранд?

Соли гузашта ҳам дар мавсими тирамоҳ интиқоли барқ дар минтақаҳо қатъ гардида буд. Он замон ҳам сабаби онро ба баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон нисбат медоданд. Бо  кадом сабаб бошад, ки ин корҳо на дар фасли тобистон, балки маҳз дар тирамоҳ гузаронда мешаванд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон ҷорӣ шудани  лимити барқ ба таври расмӣ нест, аммо  сокинони дурдаст мегӯянд, ки рӯзона  аз соати 8 –и субҳ то 18 – и бегоҳ ва шаб пас аз соати 22  барқ хомӯш мешавад.

Аслан, мардуми мо бо лимит ва дурӯғгӯҳои масъулин одат кардаанд ва  солҳои дароз сахтиҳоро паси сар мекунанд. Вале як чиз норӯшан аст, ки чаро ҷорӣ шудани лимитро расман эълон намекунанд, то мардум ба зимистони дар пеш истода тайёрӣ бинанд? Магар “Барқи тоҷик” чизе бой медиҳад?

Ҳоло муносибате, ки имрӯз “Барқи тоҷик” ба мардум дорад, ба коҳиши эътимоди мардум ба Ҳукумат оварда мерасонад. Зеро ҳанӯз соли 2018 баъди ба истифода додани аввалин агрегати НБО –и Роғун эълон шуда буд, ки Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ расид. Минбаъд мардуми кишвар 24 соат бо барқ таъмин мешаванд, дигар маҳдудият нест! Пас аз шунидани он  мардум оҳи пурдард аз сардиҳову сахтиҳоро берун кашиданд. 

Ин шабу рӯз, ки барқкушӣ дар рустоҳои кишвар идома дорад, мардуми шаҳри Душанбе ҳам нигаронанд, ки навбати “дарахтбуррӣ”  ба онҳо ҳам нарасад. Ба ҳар сурат, Душанбе бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин аст, вале дигар сокинони шаҳру ноҳияҳо чӣ кор мекунанд?

Усмон Раҳимзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.