Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маро фарзандам талбанда кард

Чанд вақт шуд, ки ҳангоми аз донишгоҳ ба хона баргаштанам зани калонсолеро мебинам, ки дар шафати роҳи мошингард, ба талбандагӣ машғул аст. Чанд рӯзи охир дар зеҳнам хоҳиши бо ин зан суҳбат кардану аз зиндагии ӯ бохабар шудан пайдо шуд. Ва инак, суҳбати кӯтоҳи мо пешкаши шумо.

-Салом, холаҷон!

-Алейкум салом, бачам.

-Чӣ сабаб шуд, ки шумо ба талбандагӣ машғулед?

– Барои зиндагиро пеш бурдану ба писарам хӯроку дору бурдан.

– Фарзандатон бемор аст?

– Бале. Ман ду фарзанд дорам, як писару як духтар. Духтарам аз оилааш ҷудо шудааст ва писарам маъюби гурӯҳи якум аст.

-Чанд сол мешавад, ки шумо аз ин роҳ зиндагиятонро пеш мебаред?

– Тақрибан 3 сол мешавад…

– Холаҷон, ҳозир ки моҳи шарифи Рамазон аст, ба назар менамояд, ки мардуми мо дар ин моҳ хайру саховати зиёдтар мекунанд, бигӯед, ки даромади шумо дар ин моҳи шариф беҳтар шудагист?

-Не, баръакс. Пештар  дар 1 рӯз то 100 сомонӣ меёфтам, ҳоло бошад,  дар як рӯзи моҳи Рамазон то 60 – 70 сомонӣ садақа мегираму халос, вале ба ҳаминаш ҳам шукр, мардуми мо дасткушоданд.

– Пеш аз ин ба чӣ кор машғул будед?

– Писарам зиндагиро пеш мебурд ва ман хонашин будам.

-Оё ягон шахс ба шумо кумак накард, то ин ки фарзандатон дар бемористон табобат гирад?

-Не. Ман ба Вазорати тандурустӣ рафтам, онҳо дастур доданд, ки ба ман кумак расонанд ва қариб ҳар рӯз ёрии таъҷилӣ омада ба писарам дору менависад. Ман рафта аз дорухона мехарам.

– Умед ҳаст, ки бо ин қадар даводав ва такопуи шумо фарзандатон рӯзе ба  по мехезад?

-Аз Худо умедамро намеканам, аммо бояд бигӯям, ки ҳолаташ рӯз аз руз бад мешаваду беҳ не.

– Ҳоло, ки шумо инҷоед, писари шуморо, ки нигоҳубин мекунад?

– Як зане, ки бо мо дар як хонаи иҷора иқомат мекунад.

– Бар ивази кораш ҳақ талаб намекунад?

-Дар ин замона шароити зиндагии бисёриҳо танг аст… Ҳар рӯз ба ӯ 15 – 20 сомонӣ медиҳам.

– Доруҳои писаратон гаронанд?

– Ҳамаи пулҳои дар ҳамин ҷо ёфтаамро барои харидани дору, пули иҷора ва қарзи банк сарф мекунам. Дар 2-3 рӯз ман бо 200 – 300 сомонӣ дорӯ мехарам.

– Писари шумо аз лаҳзаи таваллуд, маъюб буд?

– Не, вай дар Россия бригадир шуда кор мекард. Ӯ ҳамсар ва ду писар дорад. Занаш рус аст. Як рӯз аз ошёнаи сеюм ба замин афтид. Як муддат дар беморхонаи Россия хоб кард. Баъдан ӯро занаш ба Тоҷикистон равон карду худаш наомад. 4 сол мешавад, ки аҳволамон ҳамин гуна аст.

– Шуморо дар ин ҷо касе озор намедиҳад?

– Баъзан вақт бачаҳои ҷавони маст омада ”пул те” мегӯянд. Аз роҳгузарҳо хоҳиш мекунам, онҳоро аз ман дур мекунанд. Ба Худо шукр мекунам, ки ҳаррӯза ризқамро медиҳад.

– Вақте ки мардум ба шумо пул дароз мекунанд ҳатман, ки дастонатонро ба рӯй мекашед. Бигуед, ки он замон чӣ мегӯед ва ё кадом дуоро мехонед?

– Ман бо забони ӯзбекӣ аз Худо мехоҳам, ки обрӯяшон баланд, корашон хубу бобарор бошад, ба бефарзандҳо фарзанд диҳад, ба донишҷӯёну толибилмон комёбиву кушоиш насиб гардонад.

-Саломат бошед, хола!

– Хайр бачам! Худо ба ту саховатмандӣ, умри дароз, файзу баракат, барори кор диҳад. 

Мусоҳиб Раҳимиён АҲМАДҶОН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.