Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маъюбӣ маҳдудӣ нест!Суҳбат бо донишҷӯёни имконияти ҷисмониашон маҳдуд

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии кишвар имрӯз тахминан 4200 донишҷӯёни имконияти ҷисмониашон маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ин табақа тадбирҳои мушаххас дар сатҳи давлату Ҳукумат андешида шуда, инчунин, Вазорати  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати пазируфта шудани он тартиби аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон гузаронидани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (аз ҷумла, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2) бозбинӣ мешавад.

Аммо ҳанӯз дар самти дастгирии шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд як қатор масъалаҳо ҳастанд. Мо бо чанд нафар донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ҳамсуҳбат шуда, аз аҳволи эшон пурсон шудем.

Сафаралӣ Раҷабов:

Соҳиби имтиёз нашудам

-Ман соли 1999 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудаам ва ҳоло дар курси 3, дар бахши андоз ва андозбандӣ таҳсил мекунам. Соле ки ба донишгоҳ шомил шудам, ҳуҷҷати маъюбӣ надоштам, бинобар ин, ба гурӯҳи шартномавӣ афтодам ва ҳоло тибқи шартнома мехонам. Қади ман 110 метр аст. Пас аз гирифтани ҳуҷҷати маъюбӣ ба садорати донишгоҳ муроҷиат намудам, вале ҳамагӣ 50 % маблағи шартнома ихтисор шуд. Падарам дар заводи пахта кор мекунанд, модарам хонашин мебошанд. Ду ака ва як додар дорам, ки шукр, солим ҳастанд. Ҳамсабақонам беҳтарин дӯстони ман мебошанд, онҳо ба ман ҳамеша муносибати нек доранд. Дар зиндагӣ, албатта, орзуҳои зиёд дорам, ки яке аз онҳо хушбахтӣ аст. Мехоҳам падару модарам ҳамеша сиҳату саломат бошанд.

Вақти таҷрибаомӯзӣ бояд ба маркази ноҳия мерафтам, аммо чун ҳар рӯз 5- сомонӣ роҳкиро сарф мешуд, ҳарчанд зиёд мехостам, рафта натавонистам. Хуб мешуд, дар бахши андози дар шаҳри Душанбе ё дар Кумитаи андоз таҷрибаомӯзӣ гузаронам…

Пас аз хатми донишгоҳ мехоҳам ба зодгоҳи худ рафта, кор кунам.

Бибиҷон Гандумова:

Мехоҳам бо Президент вохӯрам

— Ман зодаи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ ҳастам. Аз семоҳагиям мушкилоти чашм ба миён омад. Ман нобино ҳастам, вале аслан худро маъюб эҳсос намекунам. Ману бародарам аз биноӣ маҳрумем. Ман дар Мактаби нобиноёни шаҳри Душанбе таҳсил намуда, алифбои брайлиро аз худ намудам. Аз аввал мехостам омӯзгор шавам. Сипас, дар мактаби дигари шаҳр бо ҳамроҳии биноён таҳсил намудам. Синфҳои 10-11 — ро дар Литсейи касбии маъюбон хондем. Бародарам бошад, касби омӯзгори компютериро хонд. Ман шахси зиндадил ҳастам. Пас аз синфи 4-ум каме зиқ мешудам, вақте бо ҳамсолони солими худ паси мизи мактабӣ менишастам. Аммо қалбам гуфт, ки ҳаргиз аз тақдират наранҷ. Мехоҳам, ки мутахассиси хуб шавам, Донишгоҳи давлатии омӯзгориро сарбаландона хатм намоям.  Инчунин, зиёд орзу дорам, ки дар ҷашни 90-солагии донишгоҳ бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрам.

Мавзунҷон Ғафурзода:

Набояд мунтазири кумак бошем…

— Ман донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳастам. Дар деҳаи Ёрии Панҷакент, дар  оилаи табиб ба дунё омадаам. Ҳоло дар курси 3-юми бахши сарояндагии эстрадӣ таҳсил дорам. Хатмкардаи интернати Ҳисор ҳастам ва сипас ба коллеҷ дохил шудам. 7 сол боз донишҷӯям ва танҳо бо кумаки ҳамсабақону дӯстону устодон таҳсил намуда истодаам. Албатта, барои одами нобино душвор аст. Масалан, аз хона то роҳи нақлиётро омӯхтаам. Бисёр ҳолатҳо наметавонам танҳо равам. Барои ҳаракати озодонаи ман касе дар паҳлуям бошад, беҳтар аст. Баъзе аз одамон ба маъюбон назари нодуруст доранд. Аслан маъюбӣ дар ҷисм аст, на дар ақл. Модару падарам аз дунё гузаштаанд,  панҷ хоҳар дорам. Танқисии асосии ман надоштани ҷойи зист дар шаҳр аст, аммо мо набояд ҳамеша аз касе ё аз давлат чизеро интизор бошем. Мақсади асосиям ҳамчун санъаткор дар рушди фарҳанги миллӣ саҳм гузоштан аст. 

Маҳлиё Давлатова:

Бо тавсияи падарам муҳосиб шудам

-Ман аз деҳаи Лолазори ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд барои таҳсил омадам ва ба Донишгоҳи молия ва иқтисод дохил шудам. Ҳоло дар курси 1, дар факултети ҳисобдорӣ ва омор мехонам. Ба математика шавқ дорам ва падарам низ маслиҳат доданд, ки барои ман муҳосиб шуда, кор кардан беҳтар аст. Маъюби гурӯҳи 2 ҳастам, аммо аз сабаби надоштани ҳуҷҷат дар Маркази тестӣ ба ман бал илова нашуд. Бо вуҷуди ин, хурсандам, ки ба гурӯҳи буҷавӣ дохил шудам. Орзу дорам, ки нағз хонаму кор кунам, дар оянда ба сайёҳат равам.

Шабнам Убайдова:

Мехоҳам ба кӯдакони ношунаво дарс диҳам

(Суҳбат бо ёрии тарҷумон сурат гирифт)

-Ман дар шаҳри Душанбе ба дунё омадам ва падару модарам солиманд, яъне гапзан мебошанд. Падарам ҷое кор намекунанд, модарам коргар ҳастанд. Ҳоло дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, дар курси 3-юми ихтисоси судопедагогика таҳсил мекунам. Хонданам хуб аст, аммо мушкилоти асосии мо ношунавоҳо он аст, ки тарҷумон надорем. Мактаби шабонаи 8-и шаҳри Душанберо, ки барои ношунавоҳо аст, тамом кардам. Оянда мехоҳам кӯдакони ношунаворо таълим диҳам, дар донишгоҳ низ кор кунам, барои ҳамин ин пешаро интихоб намудам.

 Ба иттилои Асадулло Зикрихудоев, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъбони Тоҷикистон феълан дар кишвар 150 ҳазор шахси маъюбиятдошта зиндагӣ карда, 26 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд. Зимни ба мактабҳои олӣ дохил шудани нафарони имконияти ҷисмониашон маҳдуди гурӯҳҳои 1 ва 2  аз тарафи Маркази миллии тестӣ 150 бал ба таври иловагӣ дода мешавад. 

Мутриба ТУЙЧИЗОДА, махсус барои “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.