Модари панҷгоник соҳиби панҷхонагӣ шуд

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба волидайни панҷгоникҳо дар ноҳияи Қубодиён калиди хонаи панҷҳуҷрагӣ тақдим кард.  

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 1 июни соли равон  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода дар ноҳияи Қубодиён дар вазъияти тантанавӣ ба  падару модари панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим намуданд.

Манзили туҳфашуда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, инчунин сокинони хайрхоҳи ноҳия дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.

Модари панҷгоникҳо Дилноза Мамадова ва дигар аъзои хонавода аз ин иқдоми мақомот изҳори минатдорӣ намуданд. Ҳоло саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро,Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, таҳти назорати табибон қарор доранд.  Дар Тоҷикистон дар солҳои  гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд, аммо таваллуди панҷгоник бори нахуст мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *