Набераи Эмомалӣ Раҳмон дасти фитодаеро дар Ӯзбекистон гирифт (Видео)

Исмоили Муҳаммадзоир, набераи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як кӯдаки ӯзбек бо номи Имронбек Аҳатов, ки ба ҷарроҳӣ ниёз дошт, кумаки молӣ расондааст.

Фатҳиддини Замон, журналисти тоҷик хабар дод, ки хонаводаи ин кӯдаки бемор, ки дар Тошканд зиндагӣ мекунанд, аз амалҳои хайри Исмоили Муҳаммадзоир дар Тоҷикистон иттилоъ пайдо карда, аз ӯ барои ҷарроҳии фарзандашон кумак пурсидаанд.

Дар видеое, ки Фатҳиддини Замон нашр кард, дида мешавад, ки се ҷавон вориди хонаи Аҳатовҳо шуда, аз номи Исмоил ба ӯ як лифофа бо кумаки молиявиро месупоранд. Модар ва бибии Имронбеки бемор даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи набераи Президенти Тоҷикистон дуои хайр мекунанд.

Исмоили Муҳаммадзоир 20 сол дошта, фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии Президенти Тоҷикистон мебошад. Падараш Муҳаммадзоир Соҳибов яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар аст.
Чанд ҳафта пеш Исмоили Муҳаммадзоир ба ду оилаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар шароити вазнин зиндагӣ доштанд, хона туҳфа карда буд. Муҳаррама Очилова ва духтараш аз ин пештар дар як фермаи чорво, дар шароити хеле сахт зиндагӣ мекарданд. Сомонаи oila.tj аз зиндагии пуразобу пурмоҷарои сокини деҳаи Файзободи шаҳри Турсунзода Муҳаррам Очилова видеое омода карда буд.

Гуфта мешуд, ки Муҳаррам Очилова ва духтари 24-солааш чандин сол боз дар як фермаи чорводорӣ дар байни мору каждумҳо умр ба сар мебаранд ва соҳибони ферма ҳар рӯз онҳоро дашному таҳқир карда, аз фермаҳояшон рондан мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *