Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нархи кӯдаки навзод … 500 доллар

Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ду ҳамшираи шафқати таваллудхона ҳангоми фурӯхтани кӯдаки навзод дастгир шудаанд.

Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ду ҳамшираи шафқати таваллудхона ҳангоми фурӯхтани кӯдаки навзод дастгир шудаанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, ҳамшираҳои шафқат дар ҷараёни савдои кӯдаки навзод ба харидор бо маблағи 500 доллари амрикоӣ аз ҷониби кормандони пулис ва прокуратура боздошт шудаанд.

Нисбати ин ду ҳамшираи шафқат бо моддаи “савдои ноболиғ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз рӯи ин модда ҷазои аз 8 то 12 соли ҳабс пешбинӣ шудааст.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Урганҷи Ӯзбекистон низ чунин ҳодиса рух доа буд. Ҳамшираи шафқати таваллудхона талош кардааст, ки кӯдаки навзодро ба як шиносаш ба маблағи 200 доллар фурӯшад. Ҳамшира ва харидор дар маҳали ҳодиса дастгир шуда буданд.

Дар Тоҷикистон низ ҳодисаи фурӯши кӯдакон ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, бино ба иттилои ВКД дар моҳи декабри соли гузашта як зани 32-солаи шаҳри Душанбе духтарчаи навзодашро ба маблағи 1000 сомонӣ ба як оилаи бефарзанд дар ноҳияи Восеъ фурӯхта буд.

Фурӯшанда ва харидори кӯдак дастгир шуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Дар соли 2017 прокуратура нисбати  30 нафар бо моддаи  “хариду фурӯши ноболиғон”-и Кодекси ҷиноӣ  парвандаҳои ҷиноӣ боз карда буд.

Ҳамчунин, дар соли 2018 дар Тоҷикистон модарони ҷавони 33 кӯдаки навзод аз фарзандони худ даст кашида ва онҳоро ба тарбияи ниҳодҳои давлатӣ вогузор кардаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.