Нархи роҳкиро дар Душанбе боло рафту хизматрасонӣ бо ду по мелангад

Арзиши роҳкиро дар нақлиёти Душанбе қимат шуду хизматрасонӣ ҳамоно бо ду по мелангад. Чаро? Муассисаи  давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва дигар ниҳодҳои марбут ба соҳаи нақлиёт ба ин эътибор намедиҳанд?

Имрӯз, 12 ноябр рӯзи мубораки ҷумъа буд. Пас аз намоз кӯчаҳо аз мардум лаболаб. Махсусан дар истгоҳи назди “Амонатбонк”- и марказӣ. Донишҷӯён низ дар ин вақт аз дарс баромада, яке хонаю дигаре барои пайдо кардани маводи хонданӣ ба китобхонаҳои пойтахт равона. Дар чунин лаҳзаи басо ҳассос духтаре дар назди терминал истода, корти нақлиётиашро барои пулгузаронӣ ба терминал ворид мекард.

Терминал кортро қабул карду дар таблои терминал эълоне пайдо гашт: “Бубахшед , хизматрасонӣ айни ҳол дастнорас аст!”.  Бечора донишҷӯдухтар намедонист, ки  чӣ кор кунад. Бо ҳарос чанд маротиба тугмаи терминалро пахш карду имдодталабона ба атрофиёнаш назар дӯхт.

Ҷавоне ба имдодаш омада, чанд маротиба тугмаи терминалро пахш намуд. Вале, ҷавоб ҳамоно ҳамон буд. Зиёда аз 35 дақиқа он ҷо будагон кӯшиданд то кортро бурун оранд, аммо ин барояшон даст надод. Марде рақами телефони терминали №00257- ро, ки “ёрӣ” навишта шуда буд, чид (44) 630-99-99 расо баъди 10 дақиқа бонуе гӯширо бардошту дарди дили корафтодаро гӯш кард. Пас аз гирифтани рақами телефони духтари ҷабрдида ӯ низ бе хайру хуш гӯширо хомӯш кард. Ҳамин тавр, расо аз байн як соат гузашту касе аз он терминал истифода карда натавонист.

Даҳҳо кас мехостанд, ки тариқи терминал ба кортҳояшон пул гузаронанд, вале ноумед шудаву аз хизматгузории чунин терминалҳо нолон аз наздаш дур шуданд. Хайрият як марди савобталабе пайдо шуду бо корти худаш он ду духтари назди терминал ҳайрон истодаро ба автобус савор кард. Чун ман ҳам савори он автобус шудам, дар истгоҳи “Хонаи матбуот ”пиёда гашта чунин ҳолатро рӯёрӯ дидам, ки терминали ин истгоҳ ҳам ҳамон тавре ки нахустин буд, кор намекард ва ҳамеша таблои “Бубахшед, хизматрасонӣ айни ҳол дастнорас аст!” зуд – зуд таблоро зеб медод.

Дар чунин шароит мардум чӣ кор кунанд? Ба кӣ муроҷиат баранд? Чӣ гуна кортҳои дар “ҷиғилдон”-и терминалҳо дармондаашонро берун оранд?! Кас ҳайрон мешавад, ки ронандаҳо мардумро бе корти нақлиётӣ савор шудан намемонанду терминалҳо низ чун духтарони “туркони ширинкор” “ноз” карда кор намекунанд. Чаро? Муассисаи  давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва дигар ниҳодҳои марбут ба соҳаи нақлиёт ба ин эътибор намедиҳанд

Мухтор Боқизода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *