Ором мабош! 24%-и занон дар Осиёи Марказӣ гирифтори хушунат ҳастанд

Як пажуҳиши Созмони Миллали Муттаҳид нишон додааст, ки 24%-и занон дар Осиёи Марказӣ гирифтори хушунати оилавӣ ва зери табъиз қарор доранд. Ин нуктаро Микаэла Фриберг-Стори, намояндаи доимии СММ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар Конфронси минтақавии  «Движение #НеМолчи в Центральной Азии, дающее голоса и безопасное место пережившим сексуальное и гендерное насилие», ки дар охири соли 2020 тариқи онлайн баргузор шуд, зикр кард.

Ташаббуси ИА ва СММ зидди хушунат

Конфронси минтақавии «Движение #НеМолчи в Центральной Азии, дающее голоса и безопасное место пережившим сексуальное и гендерное насилие» дар доираи Ташаббуси  «Луч света» — покончить с насилием в отношении женщин и девочек” то соли 2030, ки аз ҷониби Созмони Милллали Муттаҳид роҳандозӣ мешавад, доир шуд.

Ҳаракати “Ором мабош!”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо хештеги #НеМолчи фаъолони 4 кишвари Осиёи Марказиро муттаҳид кардааст, бар зидди хушунати оилавӣ, табъиз алайҳи занон ва зуроварӣ нисбати кӯдакон дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубориза мебарад.  

#НеМолчи Меморандуми фаъолияти якҷояи чор ташкилоти ҷамъиятии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки аз соли 2018 ба зидди хушунат алайҳи занону кӯдакон дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аст. Соли равон аз 25 ноябр то 10 декабр аксияи “16 рӯз бар зидди зӯроварии гендерӣ” баргузор шуд, ки дар доираи он сарнавишти занону кӯдакони мавриди хушунат ва зуроварӣ қароргирифта расонаӣ шуд.  

Дина Смаилова ташкилкунандаи конфронси мазкур ва асосгузори фонди #НеМолчи дар Қазоқистон аз аксияи “16 рӯз бар зидди зӯроварии гендерӣ” изҳори қаноатмандӣ карда баргузори конфронсро дар поёни сол муҳим арзёбӣ кард.

“Ҳадафи мо омӯхтани омилҳои сар задани хушунати оилавӣ, зуроварӣ нисбати занон ва кӯдакон ва ба ин васила ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин мушкилот ва дастаҷамъӣ мубориза бардан бар зидди ин раванд аст”-гуфт номбурда.

Дар конфронси онлайнии мазкур Микаэла Фриберг-Стори, намояндаи доимии СММ дар Қазоқистон, Элвира Азимова, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Алия Юнусова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Раъно Бобоҷониён, узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раҳбарони ҳаракати #НеМолчи аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Ҷараёни конфронси онлайнӣ

Мушкили муштараки Осиёи Марказӣ

Хушунати оилавӣ, зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва табъизи занон дар Осиёи Марказӣ мушкилотест, ки солҳои охир диққати ҷомеаи шаҳрвандиро ҷалб кардааст. Зеро дар кишварҳои минтақа, ки аксаран побанди суннатҳои қадимӣ ҳастанд, дар бештари мавридҳо хушунат аз назари ҷомеаи дур мемонад.  

Барои мисол соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар давоми 11 моҳи соли 2020 180 ҳазор мавриди хушунати оилавӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз  54% хушунат нисбати занон, 6% нисбати кӯдакон ва 40% нисбати мардон мебошад. 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон  Элвира Азимова, дар баромади худ қайд кард, ки феълан ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ дар мавриди бозбинии қонунҳо дар бораи фишору зӯроварӣ фаъолият мебаранд. “Қадами нахустини ин ҳамкорӣ Қонун дар бораи зӯроварии ҷинсӣ аст, ки соли  2020 дар Ҷумҳурии Қазоқистон қабул шуд”-зикр кард номбурда. 

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад, дар давоми 11 моҳи соли 2020  11138 мавриди табъизи занон сабт шудааст, ки аз ин 5418 ҳолати он озори ҷисмонӣ мебошад. Алия Юнусова ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Ӯзбекистон қайд кард, ки соли равон табъиз нисбати кӯдакон меафзояд. 

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён зимни суханронии хеш қайд кард, ки Тоҷикистон дар мавриди мубориза алайҳи табъизи гендерӣ ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудааст. Ӯ ҳамчунин, зикр кард, ки аз ин ба баъд ба ҷойи “зӯроварӣ алайҳи занон” бештар “зӯроварии гендерӣ” истифода шавад.

“Айни замон ҳолатҳое ба қайд гирифта мешаванд, ки зӯроварӣ алайҳи мардон низ роиҷ мешавад. Бинобар ин мо бояд бар зидди зӯроварии гендерӣ дар кишвар мубориза барем”-гуфт номбурда.

Ба ақидаи Раъно Бобоҷониён паст шудани сатҳи зӯроварии гендерӣ натиҷаи заҳмати якҷояи мақомоти давлатӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ин нуктаро Гулҷаҳон Бобосодиқова, роҳбари Коалитсияи «От равенства юридического – к равенству фактическому» низ қайд кард:

“Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар таҳияи қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Шарҳи гендерии Стратегияи миллии рушди ҶТ то соли 2030, Барномаи давлатии мубориза алайҳи зғроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 иштирок карданд, ки ин муваффақияти калон дар кишвар мебошад.”

Ором мабош

Хушунати пинҳонӣ

Аз суханронӣ ва нақлҳои иштирокчиёни конфронси мазкур маълум шуд, ки дар Осиёи Марказӣ мавзуи хушунату зӯроварӣ ҳамсон аст. Айни замон дар кишварҳои минтақавӣ Зуроварӣ нисбати занон, маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои эшон, озори ҷисмонӣ ва таҷовуз нисбати онҳо, ҳамчунин, зӯроварӣ нисбати кӯдакон озори ҷисмонӣ ва таҷовуз алайҳи эшон мушоҳида мешавад. Дигар мушкили кишварҳои минтақа никоҳи барвақтӣ ва маҷбурии ноболиғон аст.

“Мутассифона, ҳанӯз мо омори дақиқи хушунат ва зӯроварӣ алайҳи занону кӯдаконро намедонем, зеро ҳоло ҳам мардум пойбанди ақидаҳои қадима ҳастанд ва намехоҳанд, ки дар мавриди мушкилоташон ҳарф зананд”, — мегӯяд, Алия Юнусова.

Раъно Бобоҷониён мегӯяд, ки бо гузашти солҳо муносибат ба хушунат ва зӯроварӣ дар оила тағйир ёфтааст:

“Охири солҳои 90-ум вақте ман журналисти озод будам мардуми мо дар мавриди зӯровариву хушунати оилавӣ ҳатто ҳарф задан намехостанд. Гапи хонаро ба кӯча баровардан табӯ ба ҳисоб мерафт. Ҳоло албатта, бисёр чизҳо тағйир ёфтааст, мардум дар мавриди мушкилоти худ ҳарф мезананд, кӯмак мехоҳанд” – гуфт, номбурда.

Дар конфронси мазкур ҳамчунин роҳҳои мубориза бо хушунат ва зӯроварӣ зикр шуда, табодули таҷриба сурат гирифт.

Иштирокчиёни конфронс зикр карданд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд ҳанӯз ҳам хушунати оилавӣ ва зӯроварии гендерӣ дар Осиёи Марказӣ мавзуъи актуалӣ боқӣ мемонад, бинобар ин муборизаи якҷоя бар зидди ин раванд муҳим мебошад.

“Мо алайҳи хушунат мубориза мебарем. Дар ин амр ба мо нафарони зиёде, ки ором будан намехоҳанд, кӯмак мекунанд. Ташаккур ки ором нестед. Ором мабошед!”- дар охири конфронс зикр кард, гардонандаи он Дина Самоилова.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *