Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президенти Тоҷикистон маоши якмоҳаи худро ба фонди пешгирӣ аз коронавирус гузаронд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронд.

Инчунин, дар Тоҷикистон ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иловапулӣ пардохт карда мешавад. Барои ин аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар Тоҷикистон 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Дар ин бора имрӯз, 1 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ пардохт намудани иловапулӣ ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.