Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Роҳи бесоҳиби Рӯдакӣ. Масъулин куҷо менигаранд?

Сокинони Гулистон 50 сол аст,  ки ваъдаи холӣ мешунаванд.

Деҳаи Гулистон ва Мавлонои ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар шафати ҳамдигар қарор доранд. Аз самти 9-ум километрии шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдати пойтахт як роҳест, ки ҳамзамон ба ҳар дуи ин деҳаҳо мебарад. Роҳе, ки солҳо боз дар ҳолати ногувор қарор дорад  ва таъмир надидааст. 

Роҳи мазкур оғоз аз гардиши маъруф ба номи “Аманалний”-и ноҳияи Шоҳмансур то охири деҳаи Гулистон  ва то охири деҳаи Мавлоно беш аз 3 — километриро ташкил медиҳад. Дар охири қисмати яккилометрӣ, ин роҳ ба ду ҷониб, ба ду деҳа тақсим мешавад. Яке ба деҳаи Гулистон ва дигаре ба деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ мебарад. Роҳҳои ҳар ду ҷониб ҳам тақрибан пурра таъмирталабанд ва дар ҳолати валангор қарор доранд.

Сокинон мегӯянд, ки солҳост дар пайи ҳалли ин мушкили асосии деҳаашон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва масъулини таъмири роҳҳои ноҳия бо аризаҳои дастаҷамъона муроҷиат намудаанд, аммо аз масъулин ҳар бор танҳо ваъда шунидаанду халос. 

Дар ҳамин ҳол Саида Воҳидова, ҷонишини раиси ҷамоати деҳоти “Гулистон”, қабл аз нисфирӯзии 23-юми декабр дар суҳбати телефонӣ роҷеъ ба мушкилии мазкур ба мо гуфт, ки “ин масъала воқеан ҳам ҷой дорад. Аммо ман ҳам намедонам, ки чаро то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Танҳо аз ҷамоати мо вобаста нест, мақомоти болоӣ бояд дахолат кунанду чора бинанд…”.

Рамазонзода Одил, сардори Идораи  нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рӯдакӣ дар робита ба ин масъала гуфт: “Ба идораи мо то охири соли 2020 ягон хел муроҷиат аз сокинони деҳаи Гулистон ворид нашудааст. Агар муроҷиат кунанд, мо ҳатман чора мебинем”.

Ба таъкиди ӯ, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ тақрибан 400 км роҳҳое мавҷуданд, ки бесоҳиб маҳсуб мешаванд. Ӯ афзуд, ки “ин роҳҳо на ба тавозуни идораи таъмири роҳҳо медароянд, на ба тавозуни идораи дигаре”.

Аз ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба як қатор саволҳои мо дар робита ба ин мавзӯъ ҳозир нашуданд, посухҳои мушаххас бидиҳанд. Танҳо аз қабулгоҳи раиси ноҳия ваъда доданд, ки рӯзи шанбеи 26-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳи кории ҳукуматро ба деҳаи Гулистон барои омӯхтани масъала сафарбар хоҳанд кард ва дар натиҷаи он барои ҳалли мушкилӣ иқдом хоҳанд гирифт. Гурӯҳи корӣ як рӯз қабл аз рӯзи ваъда додаашон, рӯзи 25-уми декабри соли 2020 аз мавзеи мазкур дидан карданд, аммо ба чӣ хулоса омадани онҳо ба мо рӯшан нест.

Қарор аст, ки деҳаи Гулистон ва чанд деҳаи дигари ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дохил гарданд. Аммо кай, то ҳанӯз маълум нест.

Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва мардуми деҳаҳои Гулистону Мавлоно ҳам интизорӣ доранд, ки танҳо дар ин сурат тамоми мушкилоти мавҷудаи деҳот, аз ҷумла масъалаи роҳи харобу нобоби он бартараф мешавад.

Суннатуллоҳи Мирзо, рӯзноманигор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.