Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Данғара

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара нахуст марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, корхонаи истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст. Дар корхона асосан нахи пахта то ҳадди ниҳоӣ коркард гардида, аз он маҳсулоти тайёри гуногуни тиббии гигиенӣ ва косметологӣ тавлид меёбад.

Гуфта мешавад, тибқи нишондодҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии корхона то 5 миллион адад бинтҳои докагии пахтагин, салфеткаҳои пахтагин ва тиббии тамизшуда бо риштаи дар нурҳои рентгенӣ маълумшавандаро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин,  дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшид. 

Тавре иттилоъ дода шудааст, дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ бо 200, 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои омӯзишӣ — методӣ, хонаи вакилон ва ошхона таъсис дода мешаванд.

Дар ошёнаи панҷуми бинои ҳизбӣ бо назардошти талаботи давру замон меҳмонхона бо 7 ҳуҷра ва як утоқи маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.