Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суд Фақеровро ҷарима баст

Ӯ дар риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» гунаҳкор дониста шудааст.

Суди ноҳияи Рашт Раҳматулло Фақеров, омӯзгори маҳаллӣ, сокини 50-солаи деҳаи Ҳаитро ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кард.  Тавре  “Азия-Плюс” дар такя аз прокуратураи ноҳияи Рашт хабар медиҳад, номбурда дар риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» гунаҳкор дониста шуд.  

Ба иттилои манбаъ, Фақеров ба муносибати тӯйи духтараш барои 34 нафар хешовандону ҳамсояҳо дар хонааш маъракаи сарупобинон гузаронида, барои меҳмонон зиёфат ташкил кардааст.

Дар мурофиаи судӣ аксу наворҳои видео, ки бо фармоиши худи соҳиби хона наворбардорӣ шуда буданд, ҳамчунин далел намоиш дода шуданд.

Гуфта мешавад, ки мувофиқи қонуни дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон баргузории маъракаҳое чун «фотиҳа», «маслиҳатошӣ», «идонабарӣ», «сандуқбарон», «сарупобинон», «чойгаштак», «раисталбон», «қудоталбон», «ноншиканон», «хонакашон», «модарталбон», «падарталбон», «рӯйбинон», «чодарканон», «муборакбодӣ», «шаҳтозон» «роҳбандон», тақдими либос ба меҳмонони ҳар ду тараф ва хешовандони арӯсу домод манъ карда шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.