Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тағйироти соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҷомеаи рақамӣ

Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов (ДДМ) ва филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Тағйироти соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҷомеаи рақамӣ» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ин конференсия баланд бардоштани сатҳи огоҳии шарикони рушд, ҳукумат, аҳли илм ва ҷомеа дар бораи аҳамияти тағйири бахшҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғл бо истифода аз равишҳои инноватсионӣ ва воситаҳои рақами, таъмин намудани вокуниши саривақтӣ ба мушкилот ва монеаҳои муосир дар самти ҳифзи гуруҳҳои аз ҳама бештар осебпазири аҳолӣ мебошад.

Ба кори конференсия Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ифтитоҳ бахшида, барои иштироки фаъолона ба ҳозирон миннатдорӣ баён намуд. Вазир инчунин изҳори умедворӣ намуданд, ки мавзӯъҳои баррасишуда ба фаҳмиши беҳтари мусоидати равишҳои инноватсионӣ ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд намуд, хусусан дар соҳаи муҳоҷират ва шуғл.

Дар чорабинӣ ҳамчунин Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа Шофақир, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагоми вазоратҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъияти ва ВАО иштирок намуданд.

Осама Маккави, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт: “Ба ҳамагон маълум аст, муҳоҷират метавонад ба хонаводаҳои гуногун таъсири мусбӣ расонад ва иқтисодиётҳоро пеш барад. Вале ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки муҳоҷират арзиши гарони иҷтимои ба ҷомеаҳо, махсусан ба занон ва кӯдакон, ки зери таъсири равандҳои муҳоҷират қарор доранд, расонад. Баҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ тавассути рушди инноватсия ва тағйирёбии рақамӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ дар маҷмӯъ системаи иҷтимоиро мустаҳкам мегардонад, ва барои амали гардидани ҳуқуқӣ кӯдакон мусоидат намояд.”

Конференсия дар доираи лоиҳаи васеътари минтақавии “Ҳифзи кӯдакони аз муҳоҷират зарардида дар Осиёи ҷанубу-шарқӣ, ҷанубӣ ва марказӣ” сурат гирифт. Ин лоиҳа бо дастгирии Намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ЮНИСЕФ ва ҳамкории зич бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати адлия татбиқ гардида зиёда аз 10,600 кӯдакони аз муҳоҷират зарар дидаро фаро мегирад. Лоиҳа ин кӯдаконро бо дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ таъмин намуда, инчунин ба 6000 оилаҳо кӯмаки молиявӣ барои ба даст овардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои фарзандонашон дастгирӣ намудааст.

Хонум Петра Гаспарова, ваколатдори муваққатии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ин бора гуфт: “Иттиҳоди Аврупо ҳадафҳое, ки барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон равона шудааст, дастгири менамояд ва дар Тоҷикистон, дар самти мубориза зидди таъсири пандемияи коронавирус ва таъсири он ба ҷомеа кӯшиш карда истодааст. Барои ҳимояи оилаҳо ва кӯдаконе, ки дар зери таъсири муҳоҷират қарор доранд, талошҳои муштарак ва сиёсатҳои самарабахш лозим аст. Рақамигардонӣ на танҳо дастрасиро ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ беҳтар менамояд, балки инчунин барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла дар деҳот мусоидат хоҳад кард.”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.