Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Аз манъи ғуломфурӯшӣ то таъсиси шартномаи Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо

25 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода доданд.

25 марти соли 2014 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии панҷуми Суперҷоми Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дастаҳои «Равшан»- Кӯлоб ва «Истиқлол»- и Душанбе сабқат намуданд.

Дар Украина — Рӯзи хадамоти бехатарӣ.

Дар Россия – Рӯзи кормандони фарҳанг.

25 марти соли 2015 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори «Баҳористон» фаъолият мекунад.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

25 марти соли 1807 Парлумони Британияи Кабир ғуломфурӯширо манъ кард.

25 марти соли 1895 дар Москва рӯзномаи «Русское слово» таъсис дода шуд.

25 марти соли 1922 Ҳизби каммунистии Бразилия таъсис дода шуд.

25 марти соли 1924 Юнон ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

25 марти соли 1957 дар Рим дар бораи таъсис додани Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо шартнома ба имзо расид.–60-солагии зодрӯзи Карим Азиз (1960), журналист.

–70-солагии зодрӯзи Норӣ Алимуҳаммад (1950-2018), шоира.

–80-солагии зодрӯзи Меҳмон Бахтӣ (1940), Шоири халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

–85-солагии зодрӯзи Ҳамид Домуллоҷонов (1935-1994), доктори илми кишоварзӣ, профессор.

–70-солагии зодрӯзи Хайруллои Иброҳим (1950), коргардони радио, ровӣ, Ҳодими шоистаи ҳунари Тоҷикистон. –90-солагии зодрӯзи Назришо Латифов (1930-2003), муаррих.

–90-солагии зодрӯзи Витаутас Лелешус (1930-2007), доктори илмҳои геология ва минералогия. 

–110-солагии зодрӯзи Александр Ленский (1910-1973), оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

–70-солагии зодрӯзи Сиддиқбой Неъматов (1950), коргардони театр.

–90-солагии оғози нашри (1930) рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», ҳоло «Ҳақиқати Суғд».

Меҳмон Бахтӣ кист?

Шоир, нависанда, драматург, Шоири халқии Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ 25-уми марти соли 1940 дар деҳаи Шули н. Рашт чашм ба олам кушодааст. Дар идораҳои радио, телевизион, театр кор карда, беш аз даҳ соли охир раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Соҳиби чандин маҷмӯаю китобҳои назм ва наср аст. Бо қалами бурро дар равнақи драматургияи тоҷик саҳм гирифта, театрҳои касбии ҷумҳурӣ ба осораш ҳамеша таваҷҷӯҳ доранд. Драмаҳои гуногунжанру гуногунмазмунаш «Лаҳзаи ҷовид», «Нангбардори Хуҷанд», «Ташнаи дидор», «Эй, ҷавонӣ, ҷавонӣ»,«Бародарон», «Тангкӯча», «Сокини сайёраи хирад», «Ошёни баланд», «Роҳзан ва кӯзагар», «Захми забон», «Суханҳои соядор», «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» борҳо рӯи саҳна омада, дасти тамошогарро гирифтаю ба саробҳои беолоиши маънавият бурдаанд. Маҷмӯи пйесаҳояш бо номи «Лаҳзаи ҷовид» («Момент вечности») соли 1983 дар Маскав нашр гардидааст.

Сиддиқбой Неъматов кист?

Арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Сиддиқбой Неъматов 25-уми марти соли 1950 дар деҳаи Пӯлодони н. Конибодом таваллуд шудааст. Институти педагогии ш. Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров)-ро соли 1973 ва Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро соли 1977 (ғоибона) хатм намуда, дар макотиби зодгоҳ муаллимӣ кардааст. Солҳои 1997-1999 мудири шуъбаи фарҳанги ш. Конибодом ва аз соли 2000 директори Театри драмаи мусиқии Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова  мебошад. Назди театр чанд сол пеш оркестри нафасӣ таъсис додаст, ки аз ҳунараш сокинони маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ баҳра бурдаанд. Ба  Маҷористон, Олмон, Фаронса,Чехия ва дигар кишварҳо сафари ҳунарӣ доштааст.

Витаутас Лелешус кист?

Доктори илмҳои геологӣ ва минералогӣ Витаутас Лелешус 25-уми марти соли 1930 дар ш. Каунаси Литва таваллуд шудааст. Соли 1954 факултаи табиатшиносии Университети давлатии Вилнюсро хатм намуда, ба Тоҷикистон омад ва дар Управленияи геологияи ҷумҳурӣ чун геологи гурӯҳи палеонтологӣ фаъолияташро оғоз кард. Аз соли 1962 дар Пажӯҳишгоҳи геологияи АИ Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ, ходими калони илмӣ кор карда, дар пешбурди илми геологияи тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Асосан ба таҳқиқи таркиби системаҳо ва аз ҷиҳати стратиграфӣ мувофиқат кардани таҳнишастҳои полеозои Тоҷикистони Марказӣ ва Помир шуғл варзида, баъзе масъалаҳои эволютсия ва дифференсатсияи палеозоогеографии табулятаҳои пелеозойро кор кардааст.

Александр Ленский кист?

Оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон Александр Ленский 25-уми марти соли 1910 дар ш. Саранск ба дунё омадааст. Соли 1931 Техникуми мусиқии ш. Ростов ва 1937 Консервторияи давлатии ш. Маскавро хатм кардааст. Солҳои 1937-1942 мудири қисми мусиқии Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ ва ҳамзамон роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1943-1956 раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва дар як вақт муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии пойтахт кор кардааст. Аз соли 1956 то поёни умр мудири кафедраи дирижёрии хори Институти маданияти Маскав буд. Муаллифи аввалин балети тоҷик «Ду гул» (1941) аст, дар заминаи оҳангу навоҳои тоҷикӣ операи лирикии «Тоҳир ва Зӯҳро», операи мазҳакавии «Арӯс», операи «Хосият», балети «Дилбар»-ро эҷод кардааст,  симфония, кантата, мусиқӣ барои хор, сюита барои оркестри созҳои халқӣ ва симфонӣ, мусиқӣ барои спектаклҳои театр ва кино навиштааст. Ҳамчун дирижёр ва хормейстер баҳри инкишофи санъати мусиқӣ дар Тоҷикистон хидмат намудааст. Устод ва мураббии бисёр оҳангсозони касбии тоҷик мебошад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.