Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазъи ҳаво ногувор: Ба шикор наравед ва дар роҳ эҳтиёт намоед!

Се рӯзи оянд дар кишвар ҳавои гармии тоқатфарсо боқӣ мемонад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз эҳтимоли сангрезиш ва омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар тайи се рӯзи оянд ҳушдор додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, то 24-уми август ҳавои гарм дар бештари минтақаҳо боқӣ мемонад.

Манбаъ истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ менависад, ки то 24-уми августи соли 2021 дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад.

Ҳушдор аз селфароӣ дар ВМКБ ва даъват аз мардум: ба шикор ва ҷамъоварии ҳезум наравед.

“Эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва резиши санг дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад”, – афзудааст КҲФ.
Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони ин ноҳияву минтақаҳо хоҳиш мекунад эҳтиётро риоя кунанд.
Бахусус ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва он манотиқе, ки эҳтимоли омадани сел дорад, қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Сокинон дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикоргоҳ, ҷамъоварии ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор, рафтан ба лаби рӯдхонаҳо барои истироҳат ва ё моҳидорӣ худдорӣ намоянд ва ё агар мераванд, пас хеле батаваҷҷуҳ бошанд, на бепарво.
Дар ин рӯзҳо бори дигар хабар гирифтани селроҳаҳо ва тоза кардани ҷӯву каналҳо ба манфиат аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.