Икромзода аз Суғд ба Душанбе омада худкушӣ кард.Чаро?

Ҳоло чашмҳо ба сӯйи муфаттишони додситонӣ дӯхта шудааст, ки дар бораи қазия чӣ мегӯянд. Наздиконаш бовар доранд, ӯ худкушӣ накардааст ва мехоҳанд, ҳодиса бетарафона таҳқиқ гардад.

Пайдо шудани ҷасади Икром Ҷабборзодаи 42-сола дар соҳили дарёи Душанбе пайвандонашро дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сахт нигарон кардааст.
Дар ҳоле ки масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 30-юми март бо нашри чанд акс гуфтанд, «ӯ худро овехтааст», пайвандонаш ба фарзияи худкушӣ бовар надоранд. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, таҳқиқи қазия шуруъ шудааст.
Абдуҷаббор Хоҷаев, падари Икром Ҷабборзода гуфт,ки писараш рӯзи 29-уми март аз ӯ дуо гирифтаву ба Душанбе рафта буд.
«Он рӯз рӯҳияи хуб дошт. Соати ҳафти бегоҳ ба ҳамсараш занг зада, гуфтааст, ба Душанбе расидам ва нигарон набошед. Баъд аз ин, дигар ба зангҳо ҷавоб надод», — нақл кард ӯ рӯзи 5-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Дар ҳоле ки мақомоти интизомӣ ба таҳқиқи ҳодиса идома медиҳанд, пайвандони Икром Ҷабборзода худкушии ӯро аз эҳтимол дур медонанд. Падараш гуфт, «бовар надорам, махсус ба ҳамон ҷой рафта, ин корро карда бошад. Ақли инсон намегирад, ки як нафар маҳз барои худовезӣ ҳамон ҷойро интихоб кунад.»
Аммо айни замон мегӯянд, бо чӣ сабаб ба шаҳри Душанбе рафтани ӯ низ барояшон мармуз аст, ҳарчанд ишора кардааст, ки дар пойтахт бо нафаре «додугирифт» дораду мехоҳад, ин корро ба сомон расонад.
Пайвандонаш дақиқ нагуфтанд, ки ҳамкори ӯ дар Душанбе кӣ буд. Танҳо ишора карданд, ки ҳар чизе медонистанд, ба муфаттишони додситонӣ гуфтанд. Ба қавли онҳо, феълан қазияро Додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт таҳқиқ дорад.
Икром Ҷабборзода ним сол пеш аз вазифаи сармуҳосиби шуъбаи бонки давлатии «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барканор шуд ва баъди он расман дар ҷое кор намекард. Ба қавли баъзе аз дӯстонаш, «ният дошт, ба соҳибкорӣ машғул шавад».
Ҳамкорони собиқаш мегӯянд, дар «Амонатбонк» ҳеч мушкил надошт ва соли гузашта дар пайи санҷиши дохилӣ (аттестатсия) аз кор рафт.
Пайвандонаш мегӯянд, дар деҳа замини кишт дошт ва бо деҳқонӣ зиндагии ҳамсару се фарзандашро ба хубӣ пеш мебурд. Ба қавли падараш, Икром Ҷабборзода фарзанди калонии хонавода ва марди тануманд буд. Қадаш беш аз ду метр буда, зиёда аз 120 кило вазн доштааст.
Мақомоти интизомӣ то ба ҳол ба таври расмӣ қазияро шарҳ надодаанд, аммо масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, «ин зодаи 42-солаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сабабҳои номаълум худро дар бетони рӯди Душанбе овехтааст.»
Ҳоло чашмҳо ба сӯйи муфаттишони додситонӣ дӯхта шудааст, ки дар бораи қазия чӣ мегӯянд. Наздиконаш бовар доранд, ӯ худкушӣ накардааст ва мехоҳанд, ҳодиса бетарафона таҳқиқ гардад.
“Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *