Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маҳдӣ кист ва чаро ба Тоҷикистон “ҳуҷум кардан” мехоҳад?

Тавре қаблан хабар дода будем, Telegram-канале ба унвони Reverse side of the medal («Тарафи дигари медал») таҳти уновни  “Ҷангиёни зодаи Тоҷикистон, ки дар Афғонистон меҷанганд”, хабар дода буд, ки омодаанд ба Тоҷикистон ҳуҷум кунанд. Ин Маҳдӣ кист,ки бо “нузул” кардан чи мехоҳад?  Ин як тан аз фирефташудагони ба ном муҷоҳидон аст,ки тарки Ватан карда ин Ватанро мехоҳад ба қавли худаш “мусулмон кунад” Гӯё дар ин тарафи Панҷ мусулмон нест. Дар ин матлаби мазкур  гуфта шудааст, ки раҳбари толибони тоҷики гуруҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”* Маҳдӣ Арсалон фармондеҳи минтаҳои  қаламравҳои ҳаммарз бо навоҳии Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистонро дар Афғонистон таъин шудааст ва ин таъинот бо супориши Толибон анҷом ёфтааст.

Аммо манбаъҳои дигар мгуянд,ки Маҳдӣ ягон вақт сарвари созмони террористии  “Ансоруллоҳ” (дар Тоҷикистон мамнӯъ) набуд ва як мударози ақлкутоҳи қаторӣ дар байни толибон аст ва номи аслиаш (мувофиқи шиноснома) Муҳаммад Шарифов буда, сокини ноҳияи Нурободи Тоҷикистон, узви гуруҳи Ҷумъа Талбон, фармондеҳи толибони вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон мебошад. Ин гуруҳ қариб ҳамагӣ 60 “боевик” дорад, фармондеҳаш, ҳоло  бемор будааст. Маҳдӣ яке аз ҳамин ҷангиҳои қаторист. Раҳбарии ин созмони террористиро шахсе ба номи “Салмон”, ки ӯ низ шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки номи аслиашро дар  мақомоти қудратӣ хуб медонанд,мебошад.

Аз ӯ ҳоло “Маҳдии охирзамон” тарошидани расонаҳо аз огоҳ набуани онҳо аз асли қазия мебошад.  Шояд чунин ҳам бошад, аммо дар ин бора манбаъҳои афғони низ ҳадс мезананд.Онҳо низ мегӯянд,ки  Маҳди ягона хориҷиест,ки дар наздисарҳад мебошад. Чуноне,ки расонаҳо навиштаанд, як манбаъ аз ин минтақа гуфтаааст, ки  “Ҳамсари вай – духтари Насим, аз деҳаи Хуғаз аст. Танҳо сабаби буданаш дар минтақа ҳамин аст. Ягон хориҷии дигар ҳамроҳаш нест. Онҳо қабл аз ҷангҳои Панҷшер ба Кобул рафта, ба ҳамин наздикӣ баргаштанд. Толибони Нусай 70 нафар ҳам нестанд ва қудрат ба онҳо аз баракати хиёнати ҳукумати марказӣ расидааст”, — гуфт манбаъ.

Пас,ин воҳимаҳо ба хотири чист? Тарсондани мардуми Тоҷикистон? “Магар метавон бо ин роҳ мардумеро,ки зиёда аз сад сол дар кишвари дунявӣ (Аввал Шӯравӣ ва баъдан Тоҷикистони соҳибистиқлол) зиндагӣ кардаанд, “толибию” асримиёнагӣ кард? Агар дар Тоҷикистон ягон ба қавли мрадум “сарзадае” пайдо нашавад дигар касе режимеро,ки хунхор асту ҳатто ба муи бадани онҳо ва  зану кудаконашон кордор аст, қабул надоранд ва қабул ҳам карда наметавонанад. Маҳдӣ ва маҳдиҳои дигар хеле дер карданд…” мегуяд як ҳамсуҳбати “пресса.тҷ.” ки муаллимаи синфҳои ибтидоӣ аст.

Шояд Маҳдӣ бо ҳамин роҳ мехоҳад худро дар назди хуҷаинонаш Толибон сафед кунад ва  ё мехоҳад “реклама” кунад. Ин барояш басанда аст ва ӯ ҳаргиз қадами номубораки худро ба собиқ Ватанаш намегузорад ва агар ҷуръат кунад ҳам,тавре яке аз қумандонҳои артиши Тоҷикистон мегуяд: “Дар ин ҷо қабри худро меёбад…”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.