Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Абдусалом Қурбониён, собиқ вазири молия даргузашт

Абдусалом Қурбониён, собиқ  вазири молияи Тоҷикистон аз олам даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Муҳидддин Идизода хабар дод.  

То ҳол дар бораи сабаби марги собиқ вазир чизе гуфта нашудааст. Абдусалом Қурбониён (Абдусалом Каримович Қурбонов) 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ, соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шуравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1984-1986 дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №38 ноҳияи Данғара, сипас солҳои 1986-1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара, директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири молияи Тоҷикистон кор кардааст.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.