Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Акмал Муродов ва Баҳодур Усмонов дар даври аввал пирӯзӣ ба даст оварданд

Акмал Муродов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, нахустин рақобаташро дар Олимпиадаи Токио бо пирӯзӣ хотима дод.

Субҳи имрӯз Акмал Муродов, нахустин дидорашро бо варзишгар аз Гуама Ҷоштер Эндрю дар Олимпиадаи Токио бо ғалаба хотима дод.
Варзишкори тоҷик дар вазни то 80 кило вориди сабқат шуд.
Дар даври баъдии рақобат, Акмал Муродовро Тато Григалашвилии гурҷӣ интизор аст.

Ҳарифи навбатии Муродов Григалашвилии гурҷӣ 21 сол дошта, дар раддабандии ҷаҳонӣ дар сегонаи аввал ҷойгир аст.
Ёдовар мешавем, дар вазнҳои болотар фардо 28-уми июл Комроншоҳи Устопириён рақобаҳояшро оғоз хоҳад кард. Паҳлавони дигари тоҷик, Темур Раҳимов бошад, аз 30 июл вориди набард мешаванд.

Қаблан аз ҳайати тими олимпии кишвар Сомон Маҳмадбеком пас ду рақобат дар даври сеюм мағлуб ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Ҳамзамон муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов низ пас аз пирӯзӣ бар ҳарифи доминиканияш Леонел Сантос Нунез ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11324 нафар варзишгарон давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.