Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Байден ғолиб омад, ӯ кист?

Тавре аз маълумотҳои охирин бармеояд, номзад ба президентии Амрико Ҷо Байден дар сабқат аз ҳама бештар овоз гирифт ва президенти 46 Амрико интихоб гардид. Ӯ 279 раъй ба муқобили 214 раъйи  Трамп аз ҷониби овозҳандагони иёлотҳо гирифта, акнун бояд аз Қасри Сафед барои чор сол ба Амрикоро роҳбарӣ кунад. Байден кист, ки дар ин мусобиқа Доналд Трамп, президенти амалкунандаро мағлуб намуд?

Ҷозеф Робинетт Байдени хурдӣ соли 1942 дар шаҳри Скрантони Пенсилвания дар оилаи католикҳои румии миёнаҳол ба дунё омадааст. Ин хонадон ҳарчанд рӯзгори осоишта дошт, пас аз як қатор нокомиҳо бо мушкилоти молӣ дастбагиребон буд.

Ба зудӣ оила ба шаҳри Вилмингтони иёлати Делавэр кӯчид ва падари Ҷо — писари калонии оилае, ки дар он чаҳор фарзанд ба воя мерасид, дар тиҷорати мошин комёб гашта, хонавода сарватманд шуд.

Ҷо дар мактаби миёнаи католикӣ бо футбол ва бейсбол машғул мешуд ва дар ду соли охири таҳсил, бо вуҷуди на он қадар пешравиаш дар таҳсил, сардори синф буд. Сипас ӯ дар Донишгоҳи Делавэр хонда ҳуқуқшинос шуд.

Байден бори аввал соли 1966 бо Нилия Ҳантер, шарикдарсаш дар Донишгоҳи Сиракуз хонадор шуд ва баъдтар онҳо ба Делавэр кӯчиданд. Дар ин ҷо Байден имтиҳон супорид ва парвонаи кор ҳамчун адвокатро ба даст овард. Оила дар ин байн соҳиби се фарзанд шуд. Нилия ва духтари яксолаи онҳо дар садамаи автомобилӣ ҳангоми харидҳои солинавӣ ба ҳалокат расиданд.

Ин дар ҳоле буд, ки Байдени он замон 29-сола бори аввал сенатор интихоб шуд. Вай дар соли 1972 шашумин ҷавонтарин сенатори Амрико шуда буд. Духтари яксолаи Байден Наомӣ ҳалок шуд, писаронаш Ҳантер ва Бию маҷруҳ шуда бошанд ҳам, зинда монданд.

Бию дар соли 2015 дар синни 45 аз саратони мағз фавтид. Ҳантер, ки ҳоло 50 сол дорад, даҳсолаҳо бо мушкили шароб ва маводи мухаддир гирифтор буд. Вай ҳамҷунин дар солҳои 2014-19 дар шӯрои ширкати энержии Украина мақоми сердаромаде дошт, ки ӯро ба ҳадафи ҳамлаи тарафдорони Трамп дар корзори интихоботӣ табдил дод.

Байден гуфтааст, баъд аз он садама кам монда буд, ки кори худро дар Сенати Амрико тарк кунад ва ба нигоҳубини фарзандонаш машғул шавад, аммо ҳамкоронаш ӯро аз ин роҳ баргардонданд.

Барои бо фарзандон худ будан ӯ маҷбур буд, ҳар рӯз бо қатори роҳи оҳан аз Делавэр ба Вашингтон сафари 90-дақиқаӣ анҷом диҳад. Байден дар овони ҷавонӣ аз гирифтани забон ё тутулагӣ ранҷ мебурд, ки боиси масхараи ҳамсинфонаш мешуд. Ҳоло ҳам гоҳе ин беморӣ аз худ хабар медиҳад. Дар давоми сабқати 2020 рақибон ин хислати ӯро дар якҷоягӣ бо пиронсолияш далел меоварданд, ки оё саломатии имкон медиҳад, ки ӯ президент шавад?.

Дар тӯли ин 35 сол ӯ ҳеҷ гоҳ ягон интихоботи сенатро набохтааст. Вай соли 1988 дар 46-солагӣ ва бори дигар дар соли 2008 ба мақоми президентӣ номзади демократҳо шуд, аммо аз ҷониби рақибони дигари ҳамҳизбияш мағлуб ва аз ҳарду сабқат дар марҳалаҳои аввал хориҷ шуд. Акнун чунин ба назар мерасад, ки мехоҳад талошҳои нокоми гузаштаро ҷуброн кунад.
Дар аввал, чунин ба назар мерасид, ки ин бор ҳам ӯро натиҷаи мушобеҳ интизор аст. Аммо ӯ ғалаба кард

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj