Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боз тирпарронӣ. Убури ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ сурат гирифта, дар натиҷа ду нафар захмӣ шуданд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳодиса рӯзи 8 июл, соати 14:55 дақиқа дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд иттифоқ афтод.

Гуфта мешавад, чор нафар сарҳадбонони Қирғизистон бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карданд.

Ҳадаф аз убури ғайриқонунии марз аз ҷониби сарҳадбонони қирғизро, КДАМ “аспдуздӣ” мегӯяд.

Зикр мегардад, ки сарҳадбонони қирғиз бо силоҳ мусаллаҳ буданд.

“Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд”, – омадааст дар хабари КДАМ.

Манбаъ меафзояд, сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд.

“Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд”, – таъкид мешавад дар хабари КДАМ

Ҳоло  дар ҷойи ҳодиса намояндагони мақомоти дахлдори ду давлат қарор доранд ва таҳқиқи ин қазия давом дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.