Дӯстум: Ба хотири Ватани худ, ба хотири номусу адолатии худ меҷангем

Маршал Дӯстум дар як занги телефонӣ аз Туркия аз сарбозону афсарони худ, ки имрӯзҳо дар қатори нерӯҳои амниятӣ ҳузур доранд ва бо Толибон меҷанганд изҳори сипос кард
Абдурашид Дӯстум гуфт, дар майдон мағрур нашавед ва хеле бо диққат бошед. Аҷала накунед, бигзоред, Толиб наздик шаванд пасон бизанедашон.
Маршал Дӯстум Афғонистон, дар як наворе тариқи телефон мегӯяд, ки мардуми Афғонистон ба хотири ҳаққу ҳуқуқ, дифоъ аз номус миллӣ ва ҷуғрофиёи кишвар ва барои таъмини адолати иҷтимоӣ бо душман меҷангад ва дар ин ҷанг баранда хоҳад шуд.

Маршал таъкид кардааст, шимол ва шимолу шарқи Афғонистон ба ҷаҳаннами Толибон табдил хоҳад шуд.
“Борҳо мегуфтем, ки як ҷанг дар оянда дорем. Мегуфтем бачаҳо дар ёдатон бошад дар пеш як ҷанг дорем. Мо ба хотири Ҳақ меҷангем. Ба хотири Ватани худ, ба хотири номусу адолатии худ меҷангем. Худованд бо касонест, ки ба хотири Ҳақ меҷанганд”, таъкид дошт Дӯстум.

Маршали афғон аз фармондеҳоне, ки дар хати ҷанг ҳастанд ва имрӯзҳо бо Толибон меҷанганд хост, ки бо ҳам муттаҳид шаванд, дасти як дигарро гирифта алайҳи душманон биҷанганд ва фиреби душманони хуношомро нахӯранд.
Писари Маршал Дӯстум ба падараш ваъда дод, ки ҳама омодаи ҷанг ҳастанд ва ӯ мутмаъин бошад, ҳар нафаре ки марзу буми кишвар барояш муҳим аст, барои миллату ватани худ ҷони худро қурбонӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки маршал Дӯстум, ки чанд ҳафта қабл дар хати нахусти набард дар Ҷӯзҷон ҳузур ёта буд, ахиран ба Туркия сафар кардааст.
Хабар дода мешавад, ки маршал Дӯстум ва писари калонии ӯ Ёрмуҳаммад Дӯстум дар ҷараёни ҳузур дар хати нахусти набард аз ҷониби афроди номаълум заҳролуд шудаанд.

Манбаъҳои наздик ба маршал Дӯстум аммо то кунун дар ин бора чизе нагутаанд.
Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *