Даргузашти нависанда Анвар Олим, бародари шоир Аскар Ҳаким

Субҳи имрӯз нависанда ва мутарҷими маъруфи тоҷик Анвар Мирзоҳакими Олим (Ориёнмеҳр) дар синни 64- солагӣ аз олам даргузашт. Анвар Олим, ки бародари Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким аст, дар маҷаллаи “Паёми Суғд” кор мекард.

 Ӯ   соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шуда, соли 1977 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст. Аз соли 1980 дар соҳаи рӯзноманигорӣ заҳмат мекашад.То ин дам корманди масъули маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.

Анвар Олим муаллифи  маҷмӯаҳои «Қиссаҳо аз ислом ва панди Мавлонои Рум», «Вақти гули зардолу», «Балогардон», «Макрӯҳ», «Шаби 13-ум…» мебошад. Асарҳои адиби литвонӣ Скрайрис «Чароғи сеҳрнок», нависандаи рус В.Гринков «Ашки ҷаллод», нависандаи қирғиз Ч. Айтматов «Алопаре, ки медавад лаб-лаби баҳр»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *