Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Доду бедод аз дастат аҷал! Бурдаи ёрони моро бармаҳал…

Як марди фурутану сарсупурдаи роҳи зиндагӣ бо тамоми дарду доғу ғаму кулфат, ҳамеша ин марди зиндадил табассуми лабонашро барҳам назад. Ҳич боре надидам, ки ӯ аз мушкилоти зиндагияш шикояте карда бошад. Зиндагии бераҳм ӯро дар курраи дарду ғам гудохт. Он чуон, ки дар тайи чанд рӯЗи охир ин кӯҳи бузург оҳита- оҳиста рӯ ба фаноӣ овард.Инчӣ рӯзест, сараввал оилааш, баъдан ҷигарбандаш Фарзони 43 сола ва бо дарди гарони доғи фарзанд оқибат худи шоир Сайдалӣ Маъмур даргузашт.

Шоир ду ҳафтаи охир аз маризии коронавирус ранҷ мебурд ва рӯзи 24 июл дар синни 77 – солагӣ ҷон аз даст дод.
Саидалӣ Маъмур, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 24-уми июл дар сини 77 – солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Саидалӣ Маъмур ҳанӯз моҳи гузашта ҳамсар ва охирон фарзанди худро аз даст дод. Пайвандони ӯ бемори коронавирус буданд. Худи шоир низ ду ҳафтаи охир бо ин вирус мубориза бурду, рӯзи 24 июл ҷон ба Ҷонофарин таслим кард.
Писари Саидалӣ Маъмур, ҳамагӣ 43 сол дошт ва пас аз 6 рӯзи даргузашти модараш ҷон бохт.

Саидалӣ Маъмур яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ буд.
Шоир аз зиндагии якҷоя бо ҳамсари марҳумаш 3 писар дошт, ки ду нафари онҳо ҷавонмарг шуда Фарзон фарзанди охирин ва ягонаи ӯ буд.

Фарзон Маъмур чанд соли охир дар ширкати “Babilon-Mobile” ба ҳайси директор фаъолият мекард. Ӯ 20 рӯз баъд, яъне санаи 22 июли соли равон 43 – сола мешуд. Номбурда оиладор ва соҳиби ду фарзанд- як писару як духтар буд.
Саидалӣ Маъмур зодаи деҳаи Яккабоғи Истаравшан соли 1944 ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои охир мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Мо аҳли эҷоди Pressa.tj ва ҳафтанома “Тоҷикистон”аз ин фоҷиаи бузур сахт андӯҳгин буда, ба аҳи пайвандон,ёру дӯсту бародарони ин хонавода аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Худованд хонаи охираташонро ободу аз нури имон мунаввар гардонад. Омин!!!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.