Дуздӣ дар ширкати «Талко»

Ду корманди ширкати алюминии «Талко» ба маблағи 17 380 сомонӣ ба корхона зарар расонданд

Дар «Ширкати алюминии тоҷик» ҷинояти дуздӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Манбаъ хабар медиҳад, ки аз корхонаи мазкур 11 ҳазор кило оҳанпора дузди шудааст.

Пас аз анҷом корҳои тафтишотӣ, кормандони милиса ду муттаҳамро дар содир намудани ин ҷиноятро боздошт карданд.

Ҳар ду боздоштшудаҳо кормандони 41 ва 36 — солаи «Ширкати алюминии тоҷик» мебошанд, ки яке сокини Ҳисор ва дигаре аз шаҳри Турсунзода аст.
«Номбурдагон, нисфирӯзи 30 июн, тақрибан соати 14:00 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ бо воситаи автомашинаи хизматии «Камаз», ки ба ин корхона тааллуқ дорад, 11 000 кило оҳанпораро дуздидаанд», — омадааст дар хабари манбаъ.
Гумонбарон бо ин амали худ ба корхонаи мазкур 17 380 сомонӣ зарар расонданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *