Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эстафета ба дасти занҳо: Дар ҳамадонӣ як зан зани дигареро корд зад

ВКД Тоҷикистон ду ҳолати расондани зарари вазнин ба саломатиро ошкор намуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар яке аз ин маврид ба чунин кирдори номатлуб зан айбдор мешавад.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 13 июл, тахминан соати 20:30, зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи М.Ҳамадонӣ дар манзили истиқоматии зани 33-солаи сокини шаҳраки Москва, (маркази ин ноҳия) бо соҳиби хона ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба тахтапушти он зан задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст. Ташхиси судию тиббӣ, ҷароҳати ӯро ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ арзёбӣ кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.