Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хосияти Зарафшонӣ: Маро аз «Чаман» нарондаанд

Ман худам рафтам, ҳол он ки роҳбарият хоҳиш карданд, ки наравам ва аз январ маро тариқи шартномавӣ боз ба кор қабул мекунанд

Хосияти Зарафшонӣ, сарояндаи шинохта сарусадоҳо дар бораи “ронда” шуданашро аз раёсати ансамбли «Чаман» шарҳ дод. Ӯ дар саҳифаи

фейсбукияш навиштааст, ки касе ӯро нарондааст ва чун вақти нафқааш омад, худаш аз он ҷо рафт.“…ҳеҷ кас маро аз кор нарондааст ва нисбат ба ман ягон санҷише нагузаронидаанд ва ҳеҷ кас ҳуқуқи аз санҷиш гузаронидани маро надорад”-навиштааст ӯ.

Ӯ гуфтааст,ки дар филамония ҳам ба як гурӯҳ нафақахурон ҳаминтавр фаҳмонидаанд.

“Ман гуфтам қабул. Ман худам рафтам, ҳол он ки роҳбарият хоҳиш карданд, ки наравам ва аз январ маро тариқи шартномавӣ боз ба кор қабул мекунанд”,-мегуяд ӯ

Дар мавриди  аз кор ҷавоб додани ҳайати бонувони рубобнавози ансамбли “Чаман” гуфтааст, ки роҳбарият мехоҳад аз соли нав ҳайати ансамбли бонувонро аз нав ташкил кунад.

“Ансамбл 25-сол дар як ҷой нишаста буд, ба сафарҳо ҳунарӣ баровардам. 16-то суруд сабт карда, барномаҳои хуб омода кардем”,-мегуяд ҳунарманд.

Ӯ ба ҳаводоронаш таъкид мекунад,ки ба овозаҳо бовар накунанд ва  барои аз мақомаш барканор кардани ӯ  роҳбарияти нави Филармонияи давлатӣ даст надорад. Хосият Ортиқова ин ансамблро тӯли се соли охир раҳбарӣ мекард.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj