Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Худатон ку аз бало гурехтед , боз чаро бо худ бало овардед?!

Гурезаҳои афғон, ки аз бало гурехта, дар минтақаи Мурғоб дархости паноҳандагӣ кардаанд, як миқдори зиёди маводи мухаддирро бо ашёи шахсии худ овардаанд.

Марзбонони тоҷик аз гурезаҳои афғон 3,5 кило маводи мухаддир мусодира карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ.

Сухан дар бораи 347 афғони қирғизтабор (аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ) аз ҷумлаи сокинони деҳаи Андемини ноҳияи Вахони вилояти Бадахшон меравад.

Ба иттилои манбаъ, ин афрод барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати “Толибон”, хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти “Кизил-Работ”-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.

Айни замон гурезагони афғон дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд.
“Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то 2 сола фавтиданд”, – афзудааст манбаъ.
КДАМ гуфтааст, ки вазъият дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Кас дар ҳайрат мемонад, ки дар чунин вазъи нигарон кунада, базӯр ҷон ба саломат бурда, боз даст ба ҷиноят мезананд. Наход табиати одамӣ чунин бошад?

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.