Маҳдӣ орзуяшро ба гӯр мебарад…

“Қаноти тоҷикӣ”-и Толибон (созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон  мамнӯъ)  омода аст ба Тоҷикистон ҳуҷум кунад. Дар ин бора «Gazeta.ru» бо истинод ба канали Telegram REVERSE SIDE MEDAL бо такя ба манобеи ҷангҷӯён хабар дод. «Раҳбари гурӯҳи Толибони тоҷик Ҷамоати Ансоруллоҳ Маҳдии Арсалон гуфт, ки омода аст ба Тоҷикистон ҳуҷум кунад. Худи Маҳдӣ раҳбари як қатор қаламравҳои Афғонистон аст, ки бо минтақаи Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон ҳамсарҳаданд ”, — менависад нашрия. Қаблан муовини волии вилояти Бадахшон, воқеъ дар шимолу шарқи кишвар  Мулло Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, гуфта буд, ки мақомоти нави Афғонистон, ки аз сӯи Толибон ташкил шудаанд, як баталони вижаи маргталабонро ташкил кардаанд, ки мехоҳанд онро ба марзҳои ин кишвар интиқол диҳанд. Батальони махсус «Лашкари Мансур»  ном дошт (сухан дар бораи фармондеҳи саҳроии ҷангҷӯён ва яке аз пешвоёни ҳаракат Ахтар Мансур аст, ки соли 2016 фавтидааст ). Он дар манотиқи марзӣ, дар вилояти Бадахшон ҷойгир хоҳад шуд.

Аммо ба гуфти сарварони артиши Тоҷикистон ва мардуми тоҷик, Маҳдӣ ин  орзуи худро ба гӯр хоҳад бурд, зеро марзу буми Тоҷикистон ба таври шикастнопазир  омодаи хунсо кардани ҳамагуна тавсааҳои душманон аст ва ҳаргиз ба хоки худ як террористро роҳ нахоҳад дод.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *