Нооромиҳои Раштонзамин аз чист?

Тайи чанд рӯз аст, ки дар қаламрави Рашт , оғоз аз 10 июл ба ин ҷониб ҳамарӯза замин меларзад. Чаро?

Боз ноҳияи Раштро заминларза такон дод, хабар додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон ба — Sputnik.
Чи тавре, ки манбаъ иттлло медиҳад, ларзиши замин шаби гузашта ду маротиба эҳсос шуд. Аз ҷумла такони ларзиши замин маротибаи аввал соати 01:56 дақиқа рух дод. Маркази он дар 196 километрии шимолу шарқи Душанбе, 14 километр дар тарафи шарқи ноҳияи Рашт ба вуқӯъ омад.
Шиддати заминҷунбӣ дар марказ 3-4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балл гуфта мешавад.

Пас аз ҳамагӣ 14 дақиқа боз ҷунбиши замин эҳсос шуд. Ин навбат маркази заминларза на ноҳияи Рашт, балки Ҷумҳурии Афғонистон буд ва қувваи он дар Рашт 2 балл ва дар худи Афғонистон 4 баллро ташкил дод.
Ба иттиллои манбаъ, офати табиии шаби гузашта дар бе талафоти ҷонӣ ва моли буд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 10 июл, Тоҷикистонро заминҷунбии 5.9 балла ларзонд, ки дар натиҷа 5 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак ҷон бохтанд ва 16 каси дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҳамзамон ин офати табиӣ садҳо сокинони Рашту Тоҷикободро бехонаву дар гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *