Офати табиӣ аз Рӯшону Нуробод то Айнию Мастчоҳи Кӯҳӣ рафт

Офати табиӣ аз Рӯшону Нуробод то Айнию Мастчоҳи Кӯҳӣ рафт
Шабонарӯзи гузашта бар асари боронҳои шадид сел чандин манзилу заминҳои наздиҳавлигиро хароб намуда, дар баъзе минтақаҳо роҳҳои мошингузарро низ шуст.

Дар натиҷаи боронгариҳо ва ҳавои тафсон, ки боиси баланд шудани сатҳи оби рӯду кӯлҳо гардид, дар Тоҷикистон селхезӣ ба амал омад.
Офат паси офат як сӯ гаримиву короновирус дигар сӯ заминҷумбиву селборишҳои табиӣ ҳам мардуми минтақаи Раш ва ҳам сокинони ВМКБ, Суғд ва ҳам сокинони навоҳии тобеи марказро домангир намуд.

Нисфирӯзи 13 июл дар натиҷаи борони пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел фаромада, хисорот ба амал овар,хабар медиҳад КҲФ.
Сел дар як муддати кӯтоҳ роҳи мошингардро баст. Ҳамзамон 7 хонаи истиқоматиро вайрон ва ба 16 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд.

Тақрибан пас аз 1,5 соат сел дар ноҳияи Нуробод, деҳаи Муҷихарф ҳам фаромад. Дар ин ҷо 5 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои корам аз лойоба пур шуданд. Илова бар ин, сел ду мошинро бурд.
КҲФ мегӯяд, сел дар деҳаи Оҳангарони ин ноҳия роҳро масдуд кард ва дар деҳаи Комсомолобод бошад, ду пули аҳамияти маҳалидоштаро хароб гардонд.
Ҳамзамон, манбаъ аз фаромадани сел дар ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ хабар медиҳад. Дар ин навоҳӣ низ селоба роҳи байни шаҳракро муваққатан харобд кард.

КҲФ мегӯяд, бар асари ин офати табиӣ дар ягон ноҳияи офатзада талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *