Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Падарандар духтарони занашро таҷовуз карду 14 сол кунҷи зиндонро иҷора гирифт…

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Тюмен як марди 56-солаи зодаи Тоҷикистонро дар бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ду духтари угайи хурдсолаш гунаҳкор дониста ӯро ба 14 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Бино ба иттиллои хадамоти матбуоти додгоҳи вилояти Тюмен, додгоҳ мардро ба фоидаи яке аз кӯдакони таҷовузшуда 500 ҳазор рубл товон ҳам бастааст.

Бино ба маводи парванда, ин марди солхӯрда соли 2013 ба Тюмен ба мардикорӣ омада, дар инҷо бо як зани маҳаллӣ шинос шудааст. Ӯ дар хонаи ин зан истиқомат мекард. Он вақт зан ду духтари 9 ва 10-сола доштааст.

Бо гузашти чанде бино ба иттилои манбаъ ин мард «Аз набудани модарашон истифода карда, дар тӯли солҳои 2013—2014 духтарчаҳоро таҷовуз мекард ва нисбат ба онҳо ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом медод. Кӯдакони ҳаросхӯрда аз ин рафтори номтлуб метарсиданд, ки дар бораи ҷиноятҳои падарандарашон ба модари худ гап зананд. Зеро хоҳарон фикр мекарданд, ки модарашон ба онҳо бовар нахоҳад кард. Марди золим кӯдаконро бо шланг мезад ва соли 2015 модарашонро буғӣ карда, таҳдиди куштан кардааст. Зан ба қароре расид, ки аз ин мард ҷудо шавад. Вақте ки духтаронаш ба вай асли гапро гуфтанд, зан ба пулис муроҷиат кард», – гуфта мешавад дар иттилоияи додгоҳ.

Ин мардро, ки зодаи Тоҷикистон буда, баъди шикояти зану фарзандонаш ӯро дастгир карданд, вале ӯ дар ҷараёни тафтишот иттиҳомоти эълоншударо қатъиян рад кард ва гуфт, танҳо мехост, ки фарзандони ҳамсарашро тарбия кунад. Ҳамчунин ӯ иддао кард, ки вақте аз он зан ҷудо шуд, зан бо духтаронаш забон як карда, барои интиқомҷӯӣ ба ӯ туҳмат заданд.
Аммо хадамоти матбуоти додгоҳи вилояти Тюмен иддао дорад, ки “ба тафтишот муяссар шуд, ки се ҳолати истифодаи зӯроварӣ, се ҳолати бадрафтории шаҳвонӣ нисбат ба яке аз кӯдакон, ду мавриди таҷовузи хоҳари ӯ ва ҳамчунин таҳдиди куштани модари онҳоро исбот кунад”.
Ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз қувваи иҷро нагирифтааст. Ӯ метавонад аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.