Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Прокурори 58- солаи ноҳияи Зафаробод даргузашт

Ҷунайдулло Ҳайдарзода, прокурори  ноҳияи Зафаробод нимаи дуюми рӯзи 6 ноябр дар синни 58 аз олам чашм пӯшид. Ҳайдарзода Ҷунайдулло Ниёз 5 рӯз пеш дар пайи шиддат гирифтани бемории қандаш дар Бемористони маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд.

Ҷунайдулло Ҳайдарзода соли 1965 дар ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло – шаҳри Ваҳдат) ба дунё омада, соли 1990 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. 30 сол дар сохторҳои додситонӣ кор кардааст. Қаблан дар чандин мақоми баланд, аз ҷумла ҳамчун додситони ноҳияи Рашт (солҳои 2004-2010), сардори раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандони Додситонии кул ( 2011-2015) ва муовини додситони вилояти Хатлон (2015-2020) кор кардааст. Моҳи январи соли ҷорӣ додситони ноҳияи Зафаробод таъйин шуда буд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj