Раис и вилояти Хатлон ба хонаи панҷгоникҳои навзод омад

Ба тифлони панҷгоник, ки ду рӯз қабл таваллуд ёфтаанд, Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича ном гузоштаанд.

Дируз сомонаи Pressa.tj хабар дода буд, ки бори аввал дар Тоҷикистон,
дар вилояти Хатлон модари 31 сола якбора панҷ тифл ба дунё овард

Роҳабари Маркази матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода хабар медиҳад, ки , Дилноза Мамадова дар хонаи шавҳараш ҳамроҳи падари шавҳараш – Бобоев Мамат, нафақахӯри 76-сола ва модари шавҳараш Нормуродова Норбӣ, нафақахӯри 74-сола зиндагӣ мекунад. Шавҳараш (Нормуродов) Бобоев Бароти 41-сола муваққатан бекор буда, то замони паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус ва эълон шудани пандемия ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар мекард. Мамат Бобоев зимни суҳбат бо раиси вилоят гуфт, ки се фарзанди дигараш низ кӯдакони дугоник доранд.
Қаблан дар Тоҷикистон чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник мушоҳида шуда буд, вале панҷгоник бори аввал ба дунё омад.
Ба тифлони панҷгоник, ки ду рӯз қабл таваллуд ёфтаанд, Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича ном гузоштаанд.
1 январ, Мамат Бобоев, бобои тифлони навзод, зимни суҳбат бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки барои муборакбодӣ ба хонадони онҳо дар деҳаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён ташриф овард, расонид.
Раиси вилоят ба ин оила туҳфаҳои пулию молӣ ва ғизоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонида, аз аҳволи модару фарзандон пурсон шуд.
Айни ҳол модари тифлони панҷгоник Дилноза Мамадоваи 31-сола, ки сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст, бо кӯдакони навзодаш дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор дошта, вазъашон хуб арзёбӣ мешавад.
Таваллуди якбора панҷ тифл бори нахуст дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст.
Дилноза Мамадова соли 2008 бо сокини деҳаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол” Барот Бобоев (Нормуротов) оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя соли 2010 соҳиби як духтар – Нормуротова Фирӯза ва соли 2017 соҳиби як писар – Нормуротов Иброҳим шудаанд.
Соли 2020 табибони ноҳия баъди ташхис муайян менамоянд, ки дар батни Д. Мамадова 5 тифл ба вуҷуд омадааст ва барои нигоҳубин ва таҳти назорат қарор додан ба таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе роҳхат медиҳанд.
Рӯзи 30 декабри соли 2020 Дилноза Мамадова 5 фарзанд – ду писар ва се духтар ба дунё меорад.
Д.Мамадова дар хонаи шавҳараш ҳамроҳи падари шавҳараш – Бобоев Мамат, нафақахӯри 76-сола ва модари шавҳараш Нормуродова Норбӣ, нафақахӯри 74-сола зиндагӣ мекунад. Шавҳараш (Нормуродов) Бобоев Бароти 41-сола муваққатан бекор буда, то замони паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус ва эълон шудани пандемия ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар мекард.
Замини наздиҳавлигии онҳо 0,16 га-ро ташкил дода, 0,14 га замини ёрирасон (президентӣ) доранд.
Мамат Бобоев зимни суҳбат бо раиси вилоят гуфт, ки се фарзанди дигараш низ кӯдакони дугоник доранд. Ҳамакнун шумораи наберагони дугонику панҷгоникаш ба 13 нафар баробар шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон дастур доданд, ки дар азнавсозии манзили истиқоматии тифлони панҷгоник ва бунёди ҳуҷраҳои иловагии муносиб барои тифлони навзод мусоидат намуда, пас аз ба Қубодиён овардани онҳо, навзодон зери назорати ҳамарӯзаи табибон қарор бигиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *